Тоҷикистониён ҳафтаи оянда 3 рӯз истироҳат мекунанд

Мардуми Тоҷикистон охири ҳафтаи равон ва аввали ҳафтаи оянда 3 рӯз, аз 5 то 7 ноябр истироҳат мекунанд. Дар робита ба ҷашни 28-умин солгарди қабули Конститусияи Тоҷикистон, ки ҳамасола дар кишвар рӯзи 6 ноябр таҷлил мегардад, шаҳрвандони Тоҷикистон се рӯз пайиҳам – 5, 6 ва 7 ноябр истироҳат мекунанд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Мардуми Тоҷикистон охири ҳафтаи равон ва аввали ҳафтаи оянда 3 рӯз, аз 5 то 7 ноябр истироҳат мекунанд.

Дар робита ба ҷашни 28-умин солгарди қабули Конститусияи Тоҷикистон, ки ҳамасола дар кишвар рӯзи 6 ноябр таҷлил мегардад, шаҳрвандони Тоҷикистон се рӯз пайиҳам – 5, 6 ва 7 ноябр истироҳат мекунанд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, имсол ҷашн ба рӯзи якшанбеи ҳафта рост меояд ва рӯзи дигари баъдӣ, яъне рӯзи душанбе низ истироҳат мешавад.

Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои истироҳат – шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ – 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд.

Ҳамчунин 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, танҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монд.

Рӯзи 6 ноябр – тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", рӯзи истироҳат муқарар шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.