Эмомалӣ Раҳмон ба Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар робита ба ҳамла ба ҳарами Шоҳчароғ дар Шероз барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ. “Дар иртибот ба ҳамлаи золимона ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар Шероз, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта гардид, ба Шумо ва […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар робита ба ҳамла ба ҳарами Шоҳчароғ дар Шероз барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.

“Дар иртибот ба ҳамлаи золимона ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар Шероз, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта гардид, ба Шумо ва аҳли наздикону пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқи худро иброз намуда, сабри ҷамил мехоҳам”,-омадааст дар барқия.

Эмомалӣ Раҳмон ин амали террористиро қотеона маҳкум намуда, зарурати тақвияти пайвастаи муборизаи муштараки беамонро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ таъкид намудааст.

“Аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, – гуфта мешавад дар поёни барқияи иҳзори тасаллии президенти Тоҷикистон ба раисҷумҳури Эрон.

Ёдовар мешавем, ки соати 5:45 рӯзи чаҳоршанбе, 26-уми октябр, як муҳоҷими мусаллаҳ бо як Клашников вориди зиёратгоҳи Шоҳчароғ дар шаҳри Шероз шуд ва беш аз 30 нафарро парронд.

Ба иттилои расонаҳо ДОИШ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст ва мақомҳои эронӣ ваъда додаанд, интиқом мегиранд. Бояд гуфт, ки марди ҳамлакунанда пас аз тирпарронӣ аз тарафи нерӯҳои амниятии Эрон захмӣ шуд ва сипас дар бемористон ҷон бохт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.