Кишварҳои арабӣ шаҳрвандони Қирғизистонро ба кор қабул мекунанд. Шаҳрвандони Тоҷикистонро чӣ?

Арабистони Саудӣ ва боз шаш кишвари Халиҷи Форс барои қабули шаҳрвандони Қирғизистон ба кор изҳори омодагӣ кардаанд. Дар ин бора як қатор расонаҳои Қирғизистон бо истинод ба Вазорати меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ ва муҳоҷират хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, Қирғизистон бо Вазорат ва ширкатҳои хусусии кишварҳои Халиҷи Форс дар бораи қонунӣ бо кор таъмин кардани қирғизистониҳо шартнома […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Арабистони Саудӣ ва боз шаш кишвари Халиҷи Форс барои қабули шаҳрвандони Қирғизистон ба кор изҳори омодагӣ кардаанд. Дар ин бора як қатор расонаҳои Қирғизистон бо истинод ба Вазорати меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ ва муҳоҷират хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, Қирғизистон бо Вазорат ва ширкатҳои хусусии кишварҳои Халиҷи Форс дар бораи қонунӣ бо кор таъмин кардани қирғизистониҳо шартнома ба имзо расонидааст.

Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Уммон, Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА), Қатар, Кувейт ва Урдун аз ҷумлаи кишварҳое зикр шудаанд, ки муҳоҷирони меҳнатии қирғиз метавонанд ба онҳо ба кор раванд.

Бино ба маълуомти Вазорат, дар ин кишварҳо 815 ҷойи корӣ мавҷуд буда, ҷониби даъваткунанда хароҷот барои раводид ва маблағи билети ҳавопайморо пардохт мекунад.

Талаботи асосии кишварҳои қабулкунанда донистани забони англисӣ дар сатҳи миёна ва синни аз 18 то 35-сола мебошад.

Дар робита ба Тоҷикистон метавон гуфт, ки кишвар дар роҳи гуногунсамт кардани содироти қувваи корӣ пешрафт надорад.

Кишвари асосие, ки айни замон муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба он ҷо ба кор мераванд, Русия боқӣ мемонад.

Ду сол пеш дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи созишнома бо ҳукумати Қатар баргузор шуд.

Зикр гардида буд, ки Қатар ба муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар соҳаҳои сохтмон ва сайёҳӣ, инчнуин бахши хидматрасонии иҷтимоӣ кор пешниҳод мекунад.

Чанде пеш гурӯҳи аввалини коргарон ба Кореяи Ҷанубӣ фиристода шуд.

Гуфтушунидҳо бо дигар кишварҳо идома дорад, лекин ба ҷуз Русия, ба дигар кишварҳо ба таври оммавӣ рафтани муҳоҷирони тоҷик ба назар намерасад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.