Гузаргоҳи “Ҷартеппа” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон муваққатан баста мешавад

Date:

Аз 5 то 12 ноябр равуои шаҳрвандон ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи постгоҳи назоратии “Ҷартеппа” дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон воқеъ дар ноҳияи Ургут маҳдуд карда мешавад, хабар медиҳад Kun.uz.

Гузаргоҳи “Ҷартеппа” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон байни шаҳрҳои Панҷакент ва Самарқанд ҷойгир шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати гумруки вилояти Самарқанд, бо мақсади фароҳам овардани шароити бештар мусоиду бароҳат барои мусофирон биноҳои воқеъ дар постгоҳи “Ҷартеппа” аз таъмири асосӣ бароварда шуда, гирду атроф ва қаламрави гузаргоҳ ободу кабудизор гардонида мешавад.

Маҳдудият ба категорияи зерини шаҳрвандон дахл надорад:

– кормандони хадамоти дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ;

– аъзои ҳайатҳои расмӣ (давлатӣ);

– кормандони созмонҳои хориҷӣ, ки дар доираи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ фаъолият мекунанд;

– ронандагони машғул ба боркашонии байнулмилалӣ;

– шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки доимо дар Тоҷикистон иқомат доранд;

– шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба кишвари худ бармегарданд;

– шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки ба Тоҷикистон раҳсипоранд.

Қобили зикр аст, ки қаблан аз 5 то 16 сентябри соли 2022 постгоҳи гумрукии сарҳадии “Ҷартеппа” дар робита ба баргузории корҳои таъмири асосии биноҳо ва ободонии қаламрави гузаргоҳ муваққатан баста шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...