Боздошти як мард дар Хуҷанд бо автомати Калашников

Дар шаҳри Хуҷанд кормандони милитсия Аҳмадалӣ Муллоодиназодаро ба гумони фурӯши силоҳи оташфишон боздошт намуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД -и ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми кӯшиши фурӯши автомати Калашников (АКС-74) бо 49 дона тир дар тирдонаш боздошт шудааст. “Айни замон мақомоти тафтишот аз куҷо дастрас шудани […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд кормандони милитсия Аҳмадалӣ Муллоодиназодаро ба гумони фурӯши силоҳи оташфишон боздошт намуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД -и ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми кӯшиши фурӯши автомати Калашников (АКС-74) бо 49 дона тир дар тирдонаш боздошт шудааст.

“Айни замон мақомоти тафтишот аз куҷо дастрас шудани силоҳи оташфишон ва робитаи боздоштшударо бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша мавриди таҳқиқ қарор додааанд”, – хабар медиҳад ВКД.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 195 Кодекси ҷиноии ҶТ (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар ин моддаи Кодекс ҷазои ҷарима ба маблағи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 64 сомонӣ) ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 5 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 3 сол пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.