Ҷарроҳи варзида Маҳмудҷон Рабеъҷонов даргузашт

Маҳмудҷон Рабеъҷонов, ҷарроҳи варзида ва собиқ сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, дирӯз, 2-юми ноябр, дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт ва зуҳри имрӯз ба хок супорида шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ӯ 72 сол дошт ва гуфта мешавад, ягон бемории ҷиддӣ низ надошт, аммо баъзан аз баланд […]

Маҳмудҷон Рабеъҷонов, ҷарроҳи варзида ва собиқ сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, дирӯз, 2-юми ноябр, дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт ва зуҳри имрӯз ба хок супорида шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ӯ 72 сол дошт ва гуфта мешавад, ягон бемории ҷиддӣ низ надошт, аммо баъзан аз баланд шудани фишори хун нигарон буд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, аз даргузашти Маҳмудҷон Рабеҷонов изҳори андӯҳ карда, ба наздикону пайвандони марҳум сабру шикебоӣ хостааст.

“Маҳмудҷон Рабеъҷонов тӯли фаъолияти хеш худро ҳамчун табиби ҳозиқу фидоии касб нишон дод. Ӯ мураббии даҳҳо шогирдон буд, ки бештари онҳо то охири умраш дар паҳлӯяш кору фаъолият намуда, бархе аз онҳо ҳатто сазовори номзади илми тиб гардидаанд”, – омадааст дар хабари вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.

Дӯстону шогирдонаш даргузашти ин ҷарроҳро талафоти бузург дар соҳаи тандурустӣ ҳисобида, дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ гуфтанд, “шунидани ин хабари шум коллективи табибонро андӯҳгин кард”.

Маҳмудҷон Рабеъҷонов 9-уми сентябри соли 1951 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омада, соли 1973 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1973 то соли 1976  дар Омӯзишгоҳи тиббии Ленинобод ба номи академик Павлов ба донишҷӯён сабақ додааст.

Баъдан, соли 1976 дар шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникии шаҳрии № 1-и  шаҳри Хуҷанд бо таври гузариш ба фаъолият пардохт ва то соли 1979 дар ин ҷо кор карда,  ҳамон сол  ба шаҳри Маскав  рафта,  то соли 1981 дар заминаи кафедраи ҷарроҳии калонсолони Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Пирогов курси ординатураро гузашт.

Пас аз хатми ординатура боз ба шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникии шаҳрии № 1-и  шаҳри Хуҷанд ҳамчун ҷарроҳ ва аз соли 1983 то соли 1993 ҳамчун мудири шуъбаи ҷарроҳии калонсолони шуъбаи беморхонаи  болозикр фаъолият намуд.

Хизматҳои ӯро ба инобат гирифта, соли 1993 ҳамчун сарҷарроҳи ғайривоҳидии Раёсати тандурустии вилояти Суғд, соли 1994  сартабиби Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ва баъдан соли 1996 сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъйин намуданд, ки дар ин вазифаҳо то соли 2008 адои вазифа намудааст.

Маҳмудҷон Рабеъҷонов соли 2008 ҳамчун табиби ҷарроҳ ба Маркази давлатии воҳидии ташхис ва муолиҷавии назди БКШ №1 шаҳри Хуҷанд ва баъдан ҳамчун муовини директори маркази номурда фаъолияташро идома бахшида, то охири умр  баҳри барқарор намудани саломатии шаҳрвандони шаҳру навоҳии вилоят хидмат намудааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.