Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо тақрибан 15 кг ҳашиш дар Тошканд

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон дар шаҳри Бекободи вилояти Тошканд як шаҳрванди Тоҷикистонро бо 14,9 кг ҳашиш боздошт кардаанд, хабар медиҳад хабарнигори “Podrobno.uz” бо такя ба шӯъбаи пулиси маҳаллӣ. Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни амалиёти “Кӯкнори сиёҳ-2022” дар шаҳри Бекобод манзиле, ки дар он шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон муваққатан зиндагӣ мекард, тафтиш карда шудааст. “Дар натиҷа […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон дар шаҳри Бекободи вилояти Тошканд як шаҳрванди Тоҷикистонро бо 14,9 кг ҳашиш боздошт кардаанд, хабар медиҳад хабарнигори “Podrobno.uz” бо такя ба шӯъбаи пулиси маҳаллӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни амалиёти “Кӯкнори сиёҳ-2022” дар шаҳри Бекобод манзиле, ки дар он шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон муваққатан зиндагӣ мекард, тафтиш карда шудааст.

“Дар натиҷа маълум гардид, ки дар хонаи хоби ӯ 14,9 кг маводи нашъадори ҳашиш бо мақсади фурӯш нигоҳдорӣ мешавад”, – хабар додааст манбаъ.

Дар ин ҳол, хабаргузорӣ ному насаби гумонбарро зикр накардааст ва дар навори нашргардида низ рӯи ӯ пӯшонида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ба гумонбар бар асоси қисми 5 моддаи 273-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шудаааст ва ҳоло аз 10 то 20 соли зиндон ӯро таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.