Роҳи мошингард аз Восеъ то Муъминобод бо харҷи $800 ҳазор таъмир мешавад

Date:

Вакилони парлумони Тоҷикистон созишномаи грантӣ оид ба таъмири роҳи автомобилгарди Тугарак-Саричашма-Шамсиддин Шоҳин ва Чашмасор-Лангарро тасдиқ карданд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки харҷи таъмир 800 ҳазор доллари америкоӣ (250 ҳазор динори кувайтӣ)-ро ташкил дода, ҳамчун қарзи бебозгашт бо маблағгузории Фонди Кувайтии рушди иқтисоди Араб амалӣ мешавад.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар назди вакилон гуфт, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба беҳтар гардидани роҳҳои автомобилгарди байнидеҳавӣ, осон гардидани рафтуомади сокинон, афзоиши ҳамлу нақли бор, рушди иқтисодиву иҷтимоии сокинони деҳаҳои пайвастшаванда ба роҳи байналмилалии Душанбе – Кулоб – Хоруғ – Кулма, беҳтар гардидани инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси ошхонаҳои назди роҳӣ, меҳмонхонаҳо, истгоҳҳои таъмири техникӣ, мағозаҳои фуруши маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ин тартиб таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Ӯ афзуд, фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Тоҷикистон  буда, ширкати татбиқкунандаи лоиҳа Маркази татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Дашанбе-Чанок” мебошад.

“Роҳи автомобилгарди Тугарак-Саричашма-Шамсиддин Шоҳин (дарозиаш 48км) аз ҳудуди ноҳияи Восеъ ва Ш. Шоҳин мегузарад. Он имконияти ҳаракати таворавии воситаҳои нақлиётро низ барои ин минтақа таъмин месозад. Оғози роҳ дар километри 168-и шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма ҷойгир мебошад”, – гуфт вазири нақлиёт.

Гуфта мешавад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур Роҳи автомобилгарди Чашмасор-Лангар бо дарозии 8,5 км дар ноҳияи Муъминобод ҷойгир мебошад. Оғози сохтмони роҳ аз километри 23,5-уми роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод оғоз мегардад.

Ба гуфтаи Азим Иброҳим сохтмони ин қитъаи роҳ аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ дошта ба афзоиш ёфтани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, васеъ гардидани имкониятҳои интиқоли молу маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои минтақа ва беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат мекунад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...