Дар Тоҷикистон боз як иди касбӣ таҷлил мегардад

Дар Тоҷикистон иди нави касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти иҷро таъсис дода шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз палатаи поёнии парлумон. Ба иттилои манбаъ, ба моддаи 2 Қонуни кишвар “Дар бораи рӯзҳои ид” сархати нав илова шуд, ки мутобиқи он санаи 5 апрел ҳамчунин Рӯзи кормандони хадамоти иҷро муайян карда шуд. Ин масъала дар ҷаласаи […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон иди нави касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти иҷро таъсис дода шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз палатаи поёнии парлумон.

Ба иттилои манбаъ, ба моддаи 2 Қонуни кишвар “Дар бораи рӯзҳои ид” сархати нав илова шуд, ки мутобиқи он санаи 5 апрел ҳамчунин Рӯзи кормандони хадамоти иҷро муайян карда шуд.

Ин масъала дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум рӯзи 2 ноябр баррасӣ шуд.

Зикр шуд, ки лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Хадамоти иҷрои назди ҳукумати ҶТ таҳия ва ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.

“Тасмим гирифта шуд, ки ин ид бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти кормандони ин соҳа ҷашн гирифта мешавад”, – гуфтанд дар парлумон.

Қобили зикр аст, ки бо амри президенти кишвар 5 апрели соли 2018 Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро амалӣ месозад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.