Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Хушбахтам ва аз ҳеҷ амали худ пушаймон нестам”

Гулҷаҳон Бобосодиқова, ходими давлатӣ ва бонуи саршиноси тоҷик, имрӯз, 8-уми ноябр, ба синни 85-солагӣ қадам гузошт. Ӯ хатмкардаи риштаи математикаву физикаи Донишкадаи давлатии Тоҷикистон буда, адолатхоҳӣ ва шуҷоат варо ба ҷодаи идораи давлатӣ овардааст. Мавсуф солҳо ба ҳайси котиби идеологӣ дар Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият доштааст. Роҳи пешанамудаи ин бонуи тоҷик сангин ва […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Гулҷаҳон Бобосодиқова, ходими давлатӣ ва бонуи саршиноси тоҷик, имрӯз, 8-уми ноябр, ба синни 85-солагӣ қадам гузошт. Ӯ хатмкардаи риштаи математикаву физикаи Донишкадаи давлатии Тоҷикистон буда, адолатхоҳӣ ва шуҷоат варо ба ҷодаи идораи давлатӣ овардааст. Мавсуф солҳо ба ҳайси котиби идеологӣ дар Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Роҳи пешанамудаи ин бонуи тоҷик сангин ва пурпечутоб буд, аммо ӯ бо масъулиятшиносӣ ва кордонӣ ин пайроҳаро тай намуда, тавре худаш мегӯяд, ҳеч пушаймонӣ накардааст.

“Азия-Плюс” зимни як суҳбати кӯтоҳи табрикотӣ аз Гулҷаҳон Бобосодиқова дар хусуси машғулиятҳои имрӯзааш пурсид.

– Ҷашни зодрӯзатонро чӣ гуна таҷлил мекунед?

– Ба ҳама азизон, ки маро бо зодрӯзам табрик менамоянд, сипоси беандоза баён мекунам. Дӯстону шогирдонам аз дохилу хориҷи кишвар занг мезананд, табрик мегӯянд, ки ин бароям хушбахтии бузург аст.

– Ҳоло чӣ ҳолу ҳаво доред ва бо чӣ корҳо машғулед?

– Кори хосе ҳам надорам. Дар ҷаласаву маҳфилҳои гунонгун даъват мешавам, дар ҳар минбаре аз таҷрибаам ҳарф мезанам, ҳар гуфтание, ки ба суди ҳамватанам ҳаст, баён медорам. Дар миёни насли худ, насли аз худ хурд ва насли ҷавони кишвар ҳастам ва ҳама гуна роҳкушоие, ки аз дастам ояд, дареғ намедорам.

– Аз шумо то ҳол чун нафари соҳибтаҷриба дар соҳаи идораи давлатӣ маслиҳатҳо мепурсанд?

– Бале, бо ҳар гуна дархостҳо занг мезананд ва ба хонаам меоянд. Шогирдонам зиёд муроҷиат мекунанд. Дар чанд вақти ахир бо ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ дар робита ба баробарҳуқуқии зану мард ва танзими қонунгузории кишвар ҳамкорӣ дорам. Агар кам ҳам бошад, хушбахтам, ки то имрӯз барои хушбахтии занони миллатам саҳм мегузорам.

– Ба зиндагии гузашта чӣ нигоҳе доред ва аз худ розӣ ҳастед?

– Ифтихор мекунам ва аз худам розиям. Солҳоеро, ки котиби аввали Кумитаи комсомоли пойтахт ва ҷумҳурӣ будам, саҳифаҳои тиллоии умрам ҳисоб мекунам. Фикр мекунам, ки дар ин солҳо корҳои хуберо барои миллату давлатам анҷом додам.

– Ин роҳро барои Шумо кӣ ҳамвор кард ва аз чӣ имрӯз ифтихор мекунед?

– Ман бисёр аз волидонам, ба вижа аз модарам миннатдорам. Нахустин қадамҳои мемондаамро маҳз модарам ҷонибдорӣ мекарданд ва бароям рӯҳия мебахшиданд. Шавҳарам ҳам марди бузурге буданд ва барои ҳама корҳои анҷомдодаям шарик ва мададгорам ба ҳисоб мерафтанд. Барои тарбияти фарзандонам ҳам саҳми бузургро ин ду нафар гузоштаанд. Аз ҳамаашон мамнун ҳастам.

– Дар охир ба ҳамватанон чӣ паёме доред?

– Барои миллатам ваҳдати комил мехоҳам!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.