Ду медали муштзанони тоҷик дар Чемпионати Осиё

Муштзанони тоҷик Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Аммони Урдун ҷараён дорад, ба дарёфти медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд. Дар рақобати даври нимфиналии мусобиқа дар вазни зиёда аз 92 кг Муҳаммад Аброриддинов аз дорандаи медали биринҷии Чемпионати пешини Осиё Қамшибек Кункабоев аз Қазоқистон шикаст хӯрд. Дар вазни то […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Муштзанони тоҷик Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Аммони Урдун ҷараён дорад, ба дарёфти медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Дар рақобати даври нимфиналии мусобиқа дар вазни зиёда аз 92 кг Муҳаммад Аброриддинов аз дорандаи медали биринҷии Чемпионати пешини Осиё Қамшибек Кункабоев аз Қазоқистон шикаст хӯрд.

Дар вазни то 63,5 кг Баҳодур Усммонов қувваозмоиро ба муштзан аз Ҳиндустон Шива Тапа бохт. Дар чемпионати қаблии Осиёи низ Баҳодур медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Дигар 8 нафар намояндагони Тоҷикистон дар ин чемионат дар даврҳои аввали мусобиқа ба шикаст дучор шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар Чемпионати бокси Осиё дар соли 2021, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардида буд, муштзанони тоҷик Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Шоира Зулқайнарова ва Мижгона Самадова ба дарёфти 4 медали биринҷӣ ноил гардида буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.