Тоҷикистону Сурия масъалаи бозгашти тоҷикистониёнро ба ватан баррасӣ карданд

Дар пойтахти Сурия – Димишқ рӯзи 13 ноябр масъалаи бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба ватан баррасӣ шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода дар доираи сафари корӣ ба Димишқ бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия Муҳаммад Холид Раҳмун дидору гуфтушунид кард. Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ масъалаҳои […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар пойтахти Сурия – Димишқ рӯзи 13 ноябр масъалаи бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба ватан баррасӣ шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода дар доираи сафари корӣ ба Димишқ бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия Муҳаммад Холид Раҳмун дидору гуфтушунид кард.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ масъалаҳои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва роҳандозии ҳамкориҳо байни сохторҳои соҳавии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, инчунин атрофи вазъи амниятии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 25 июли соли ҷорӣ бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 146 нафар шаҳрванди Тоҷикистон (42 зан ва 104 кӯдак) тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба ватан баргардонида шуданд.

Ғайр аз ин, 30 апрели соли 2019 84 кӯдак – фарзандони ҷангиёни тоҷики гурӯҳҳои ифротгароӣ, ки дар урдугоҳ ё зиндонҳои Ироқ қарор доштанд, аз ин кишвар ба Душанбе оварда шуданд. Бархе аз ин кӯдакон бо волидонашон ба он ҷо рафта, бархе дар ҳамон ҷо таваллуд шудаанд. Падари аксарияти онҳо кушта шуда, модаронашон барои ҳамдастӣ бо террристон зиндонӣ шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон нахуст изҳор намуд, ки ин кӯдакон ба парастории хешовандонашон дода мешаванд, лекин баъдан ба мактаб-интернатҳо ва хонаҳои кӯдакон тақсим карда шуданд.

Моҳи июли соли 2020 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод, ки ҳудуди 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар урдугоҳҳои Сурия, ки асосан зери назорати курдҳо қарор доранд, нигаҳдорӣ мешаванд.

“Миёни онҳо ҳудуди 286 нафар занону кӯдакон ҳастанд, ки ба ватан баргаштан мехоҳанд. Дар ин самт мо бо Сурия ҳамкории зиёд дорем. Сафирамон вазифадор шудааст, ки барои баргардонидани шаҳрвандони кишвар ба ватан бо ҳукумати расмӣ ва ҷангиён доимо гуфтушунид кунад”, – изҳор дошта буд ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.