Дар қаламрави “Қасри Арбоб” Боғи фарҳангию фароғатӣ боз шуд

Рӯзи 16 ноябр бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди истифода қарор гирифт. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Боғи фарҳангию фароғатии тозабунёд якҷоя бо Қасри таърихӣ, чойхонаи миллӣ, амфитеатр ва ҳудуди […]

Asia-Plus

Рӯзи 16 ноябр бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Боғи фарҳангию фароғатии тозабунёд якҷоя бо Қасри таърихӣ, чойхонаи миллӣ, амфитеатр ва ҳудуди ободу мавзеи назаррабо маҷмааи таърихию муосир, макони тамошо, сайру саёҳати сокинону меҳмонони дохилию хориҷӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, дарахтони сояафкану ороишӣ асоси хуррамию зебоии боғ буда, беш аз 1000 бех анвои гуногуни дарахтони сӯзанбаргу паҳнбарги сояафкану ороишӣ аз хориҷи кишвар ба обу ҳавои минтақа мутобиқ ворид ва шинонида шудаанд. Ҳамаи майдону роҳравҳои боғ бо истифодаи санги хорои Хуҷанд сохтаю оро дода шудааст. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.