“Бо болға ба сараш зад”. Писар барои қатли падар 20 сол равонаи зиндон шуд

Як сокини 37-солаи ноҳияи Панҷ, барои қатли падараш бо бераҳмии махсус ба 20 соли зиндон маҳкум гардидааст. Дар ин бора сомонаи расмии Додситони кулли Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадҷон Исанқулови 37 сола, рӯзи 7-уми июн дар ҳолати мастӣ, падараш Аваз Бӯстоновро ба қатл расонидааст. Ин ниҳод гуфтааст, ҳодиса баъди он сар зад, ки […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Як сокини 37-солаи ноҳияи Панҷ, барои қатли падараш бо бераҳмии махсус ба 20 соли зиндон маҳкум гардидааст. Дар ин бора сомонаи расмии Додситони кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадҷон Исанқулови 37 сола, рӯзи 7-уми июн дар ҳолати мастӣ, падараш Аваз Бӯстоновро ба қатл расонидааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ҳодиса баъди он сар зад, ки Аваз Бӯстонов баъди нӯшиндани машрубот бо писараш, аз ӯ дархост кард, ки ҳамсару фарзандонашро аз хонаи падарарӯсаш (хусураш) баргардонад, ки дар пайи он  байни писар ва падар баҳс ва муноқиша ба миён омад.

“Муҳаммадҷон Исанқулов бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани Аваз Бӯстонов бо болға ба cap ва рӯйи падараш якчанд маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – менависад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Ҳамин тавр, аз рӯи ин ҳодиса Додситони ноҳияи Панҷ нисбати Муҳаммадҷон Исанқулов бо моддаи 104 қисми 2 банди “е” парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ӯ бо ҳукми суди вилояти Хатлон 20 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр шуд.

Назари наздикони ин оила дар бораи ҳодиса ва ҳукми додгоҳ маълум нест. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.