Дар Тоҷикистон аз нақша камтар картошка ҷамъоварӣ шуд

Дар давраи аз моҳи январ то ноябр дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ҳазор тонна, аз ҷумла дар вилояти Суғд ҳудуди 500 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шуд, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ. Соли 2022 дар майдони 32,1 ҳазор гектар картошка шинонида шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, то 4 ноябр зиёда аз 702 ҳазор тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар давраи аз моҳи январ то ноябр дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ҳазор тонна, аз ҷумла дар вилояти Суғд ҳудуди 500 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шуд, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Соли 2022 дар майдони 32,1 ҳазор гектар картошка шинонида шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, то 4 ноябр зиёда аз 702 ҳазор тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ шудааст. Соли гузашта ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ 1 млн 60 ҳазор тоннаро ташкил дода, имсол дар сатҳи 1 млн 108 ҳазор тонна дар назар аст.

Дар соли 2023 кишоварзони тоҷик парвариши 1 млн 170 ҳазор тонна картошкаро ба нақша гирифтаанд.

Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, майдони кишти картошка дар ҷумҳурӣ ба 32 ҳазору 158 гектар баробар аст, аз ҷумла дар виояти Суғд зиёда аз 13,3 ҳазор га, ВМКБ – ҳудуди 1,3 ҳазор га, вилояти Хатлон – беш аз 5,8 ҳазор га ва Ноҳияҳои тобеи марказ – 9,7 ҳазор га.

Ҳосилнокии картошка дар ҷумҳурӣ 233 сентнер аз 1 гектарро ташкил медиҳад, аз ҷмула дар ВМКБ – 136, вилояти Суғд – 275, вилояти Хатлон – 178 ва Ноҳияҳои тобеи марказ – 222 сентнер.

Бино ба маълумоти оморӣ, барои як сокини Тоҷикистон дар як сол бояд 92 кило картошка ҷамъоварӣ шавал, лекин дар воқеият ҳаҷми истеъмоли картошка дар ҷумҳурӣ барои як кас дар як сол – ҳудуди 120 кило арзёбӣ мешавад.

Ба ин тариқ, талаботи умумии Тоҷикистон ба ин навъи маҳсулот то 1,3 млн тонна боло меравад.

Нархи 1 кило картошка дар Душанбе ба ҳисоби миёна 5-6 сомонӣ, Хуҷанд – 4, Рашт – 3,5, Бохтар – 5 ва Хоруғ – 6 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.