ИА ба Тоҷикистон барои дастгирии соҳаи энергетика ва таъмини деҳот бо об 29 млн евро кӯмак мекунад

Имрӯз, 18-уми ноябр, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Созишнома оид ба оғози раванди ҷудо кардани қарз ба маблағи 29 млн евро барои дастгирии соҳаи энергетика ва таъмини деҳот бо оби нӯшокӣ ба имзо расид. Созишнома оид ба оғози раванди ҷудо кардани қарзро Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Мариета Йагер, […]

Asaia-Plus

Имрӯз, 18-уми ноябр, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Созишнома оид ба оғози раванди ҷудо кардани қарз ба маблағи 29 млн евро барои дастгирии соҳаи энергетика ва таъмини деҳот бо оби нӯшокӣ ба имзо расид.

Созишнома оид ба оғози раванди ҷудо кардани қарзро Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Мариета Йагер, муовини директори генералӣ оид ба шарикии байналмилалии Комиссияи Аврупо имзо карданд.

Тибқи ин барнома Иттиҳодия Аврупо барои дастгирии энергетикаи устувор 15 млн евро ва барои таъмини деҳот бо оби нӯшокӣ ва беҳдошт 14 млн евро маблағ медиҳад.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин маблағҳо барои беҳ кардани инфрасохтори энергетикӣ ва барои расидан ба ҳадафи стратегии таъмини истиқлолияти энергетикӣ кӯмак мекунад.

Ӯ таъкид кард, ки ҳоло ҳукумати кишвар пайваста ислоҳои соҳаи энергетикаро гузаронида истодааст ва барои боз ҳам беҳтар намудани ин раванд кӯмакҳои техникӣ бисёр зарур арзёбӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 17-уми ноябр, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон конфронси минтақавӣ оид ба муаррифии лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо  “Робитаи устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ” (SECCA) оғоз гардида буд ва имрӯз он ба анҷом хоҳад расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.