Ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввали Душанбе дар куҷо боз шуданд?

Дар 15 нуқтаи сераҳолитарини Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон ташкил шуданд, хабар доданд аз шаҳрдории Душанбе. Чунин ярмаркаҳои доимӣ дар даромадгоҳҳои бозорҳои “Меҳргон”, “Саховат”, “Деҳқон” ва “Яккачинор” амал мекунанд. Ҳамчунин дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино (рӯ ба рӯи Қарияи Боло), масҷиди МирсСайид Алии Ҳамадонӣ (Испечак-2), маҳаллаи 104-ум (истгоҳи охири маршруткаҳо) […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар 15 нуқтаи сераҳолитарини Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон ташкил шуданд, хабар доданд аз шаҳрдории Душанбе.

Чунин ярмаркаҳои доимӣ дар даромадгоҳҳои бозорҳои “Меҳргон”, “Саховат”, “Деҳқон” ва “Яккачинор” амал мекунанд.

Ҳамчунин дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино (рӯ ба рӯи Қарияи Боло), масҷиди МирсСайид Алии Ҳамадонӣ (Испечак-2), маҳаллаи 104-ум (истгоҳи охири маршруткаҳо) ва қаламрави маҳаллаи 32-юм дар кӯчаи Маяковский низ ярмаркаҳо боз карда шудаанд.

Бино ба маълумоти шаҳрдорӣ, ярмаркаҳо бо қарори дахлдори раиси пойтахт бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулот дар давраи тирамоҳу зимистон гузаронида шуда, дар ин ҷо орд, пиёзу сабзӣ, катрошка ва равған, гӯшти гов ва мурғ, сабзавоту мева ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал ба фурӯш гузошта шудаанд.

Гуфта мешавад, нархҳо дар ин ярмаркаҳо нисбатан дастрасанд, аз ҷумла 1 халта орд 290 сомонӣ, 1 кило картошка – 3,5 сомонӣ, 1 кило пиёз – 3,5 сомонӣ, сабзӣ – 2,5 сомонӣ, гӯшти гов – 55 сомонӣ, равғани растанӣ – 20 сомонӣ ва шакар – 8,4 сомонӣ нарх доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.