Қарз аз пардохти андоз дар Тоҷикистон ба 105 млн доллар расид. Кӣ аз ҳама бештар қарздор аст?

Бақияи қарз аз пардохти андоз то аввали семоҳаи ахири соли равон 1 млрд 70 млн сомонӣ (105 млн доллар)-ро ташкил додааст, хабар медиҳад нашрияи Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон. Дар хабар гуфта мешавад, ин нишондиҳанда 264 млн сомонӣ (ҳудуди 26 млн доллар) зиёдтар нисбат ба аввали соли ҷорӣ аст. Бо вуҷуди ин, нақшаи ҷамъоварии андоз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бақияи қарз аз пардохти андоз то аввали семоҳаи ахири соли равон 1 млрд 70 млн сомонӣ (105 млн доллар)-ро ташкил додааст, хабар медиҳад нашрияи Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон.

Дар хабар гуфта мешавад, ин нишондиҳанда 264 млн сомонӣ (ҳудуди 26 млн доллар) зиёдтар нисбат ба аввали соли ҷорӣ аст.

Бо вуҷуди ин, нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар зарфи 9 моли соли равон 3% барзиёд иҷро шудааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳудуди 68% аз ҳаҷми умумии даромади буҷети Тоҷикистонро дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ маблағи пардохти андозҳо ташкил медиҳад.

Қаблан тобистони ҳамин сол раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки тақрибан 43% аз ҳаҷми умумии қарз аз андоз ба се шахси ҳуқуқӣ: НБО “Сангтӯда-1” – 244,6 млн сомонӣ, “Тоҷиктелеком” ва сохторҳои он – 123,3 млн сомонӣ ва ҶСК “НБО Роғун” рост меояд.

Ӯ таъкид дошта буд, ки масъулияти пардохти қарзҳои Неругоҳи “Сангтӯда-1” ба дӯши ШСХК “Барқи тоҷик” аст.

Қобили зикр аст, ки қарзи пардохтнашудаи ин неругоҳ аз ҷониби ШСХК “Барқи тоҷик” то охири моҳи октябри соли ҷорӣ ба зиёда аз 2 млрд 545 млн сомонӣ (ҳудуди 250 млн доллар) расид.

Дар сомонаи расмии “НБО Сангтӯда-1” он замон зикр шуда буд, ки аз оғози соли 2022 “Барқи тоҷик” аз ин неругоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон ҳудуди 1,2 млрд киловатт-соат барқ гирифтааст. Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2022 ҳамагӣ 33% аз арзиши барқи интиқолёфтаро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.