Парлумони Тоҷикистон Буҷети давлатии соли 2023-ро бо таъхири назаррас қабул кард

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 1 декабр Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023»-ро қабул кард. Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи қонун дар бораи буҷетро 31 октябр маъқул дониста, ба парлумон ирсол карда буд. Маъмулан палатаи поёнӣ онро нимаи моҳи ноябр қабул мекард, лекин имсол ин корро бо таъхир анҷом дод. Зимни шарҳи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 1 декабр Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023»-ро қабул кард. Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи қонун дар бораи буҷетро 31 октябр маъқул дониста, ба парлумон ирсол карда буд. Маъмулан палатаи поёнӣ онро нимаи моҳи ноябр қабул мекард, лекин имсол ин корро бо таъхир анҷом дод.

Зимни шарҳи лоиҳаи қонун вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода зикр кард, ки қисмати даромади буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми 37,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 4,1 млрд сомонӣ ё худ 12,3% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.

Қобили зикр аст, ки фарқият байни даромади буҷет дар соли равон ва соли оянда, ки аз ҷониби вазир гуфта шуд, бар асоси ҳаҷми дар моҳи ноябри соли гузашта муқарранамудаи даромадҳои Буҷети давлатӣ барои соли 2022 ба вуҷуд омад.

Аввали моҳи октябри ҳамин сол ба буҷети ҷорӣ тағйирот ворид карда шуданд, ки мувофиқи онҳо, ҳаҷми даромадҳо аз 33 млрд сомонӣ то 32,6 млрд сомонӣ кам карда шуд.

Қисмати хароҷоти Буҷети давлатии соли 2023 ба маблағи 38,1 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки 4,5 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба хароҷоти буҷети имсола мебошад.

Ба ин тариқ, касри Буҷети давлатии соли 2023 зиёда аз 1 млрд сомониро ташкил дода, ба 0,8% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.

Вазири молия таъкид дошт, ки мисли солҳои пешин дар буҷети соли 2023 соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дошта, хароҷот ба ин самт дар соли оянда дар ҳаҷми 18,6 млрд сомони ба нақша гирифта шудааст, ки ҳудуди нисфи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.