Душанбе. 29-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки рӯзҳои 2-3-уми октябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боздиди корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт сафар хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, президент дар давоми ду рӯз бо ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои водӣ аз наздик ошно гардида, бо намояндагони аҳли маориф, дин, кишоварзон, созмонҳои ҷавонон ва занон мулоқот хоҳад орост.
«Дар сафар сарвари давлатро аъзои ҳукумат, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва арбобони маъруфи илму ҳунари ҷумҳурӣ ҳамроҳӣ мекунанд», – гуфт сарчашма.
Зикр гардид, ки президенти кишвар бо фаъолияти як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ
ва корхонаҳо саноатӣ аз наздик шинос гардида, ҳамчунин дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани якчанд иншооти таъиноти иҷтимоиву маишӣ иштирок мекунад.