Президент аз додрасҳои нав хост, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳифз кунанд

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо додрасҳое, ки нав ба ин мақом таъин кард, гуфтааст, минбаъд барои қабул ба озмуни коромӯз-судяҳо донистани ду забони хориҷӣ яке аз шартҳои муҳими озмун бояд бошад.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар хабар медиҳад, ки дар мулоқот роҳбари давлат ба додрасҳои навтаъин баррасии одилонаи парвандаҳои судиро дар доираи қонунгузории мамлакат талаб намуда, онҳоро барои ҳифзи содиқонаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои давлату миллат, риояи ҳатмии талаботи қонун ва пешгирӣ аз ҳолатҳои ба таъхир афтодани муҳлатҳои баррасии парвандаҳо даъват кард.

“Судяҳо на танҳо зимни фаъолияти касбӣ, балки берун аз кор ва дар зиндагӣ низ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд”, – афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Зикр гардидааст, ки давлату ҳукумат минбаъд низ барои бунёди бинову иншооти муосири корӣ барои кормандони мақомоти судӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва боз ҳам беҳтар намудани шароити кору зиндагии кормандони мақомоти судии мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Аз додрасҳое, ки дар вазифаҳои дадрасӣ таъин шудаанд, ном бурда нашудааст ва ҳамин тавр маълум нест, ки кӣ дар кадом шаҳру навоҳӣ ба вазифаи додрас таъин гардид.

Таъини чанд додраси нав дар ҳолест, ки дар як соли охир ҳудуди 5 додрас дар Тоҷикистон дастгир ва чанд нафари онҳо ба солҳои гуногун зиндон шуданд. Аз ҷумлда, Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон 2 сол равонаи зиндон шуд. Ӯ ба гирифтани пора ба миқдори калон гумонбар буд. Ҳамин тариқ, Раҳмиддин Раҳимзода, додраси собиқи додгоҳи ноҳияи Сино бо гуноҳи гирифтани ришва ба 5 соли зиндон маҳкум гардид.

Ҳамчунин, баррасии парвандаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Азиза Ҳайдарова, котиби ин додгоҳ дар Додгоҳи Олӣ идома дорад. Рустам Саидаҳмадзода ба баромадан аз ҳадди ваклоати мансабӣ ва расонидани хабар бардурӯғ гунаҳкор аст. Азиза Ҳайдарова ба қаллобӣ гумонбар аст.

Ҳамин тариқ, охири моҳи май президент Ҳомидҷон Муҳаммадзода, Рустам Маҳмадсаидзода, Раҳмиддин Раҳимзода ва моҳи июли соли равон Ҷамшед Носирӣ судяи Суди иқтисодии ВМКБ ва Рустам Сайдаҳмадзода бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад,  аз мансаб барканор кард.

Ба иттилои Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас фаъоланд. Дар даҳ соли охир тақрибан 30 нафари онҳо ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...