Зафаробод: Мард зану фарзандашро ба қатл расонида, ҷасадҳоро оташ задааст

Date:

Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд марди 36-сола зан ва фарзандашро ба қатл расонида, пас аз он ҷасадҳоро оташ задааст. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса 28-уми ноябр дар шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод рух додаааст.

Акбар Шарифӣ ҷузъиёти ҳодиса ва ному насаби онҳоро барои халалдор накардани раванди тафтишот ба мо ироа накард, танҳо гуфт, зани кушташуда 36 сол дошта, писараш ноболиғ буд ва 9 сол дошт.

Айни замон, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд нисбати мард тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ (куштор) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишоти он идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...