Поёни баҳс бо узви пешини “Авангард”. Роҳбари як телевизион 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз боздошт раҳо шуд

Синои Рустамзод (Ниёзов), роҳбари як телевизиони мустақил дар шаҳри Панҷакент, ки ба "авбошӣ" гумонбар буд, бо ҳукми додгоҳи шаҳри Панҷакент 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз толори додгоҳ озод гардидааст. Худи Синои Рустамзод баъди озод шудан аз боздоштгоҳ дар суҳбати кутоҳ бо “Азия-Плюс” гуфт, додгоҳ ӯро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ гунаҳкор дониста, 1 ҳазору 600 […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Синои Рустамзод (Ниёзов), роҳбари як телевизиони мустақил дар шаҳри Панҷакент, ки ба "авбошӣ" гумонбар буд, бо ҳукми додгоҳи шаҳри Панҷакент 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз толори додгоҳ озод гардидааст.

Худи Синои Рустамзод баъди озод шудан аз боздоштгоҳ дар суҳбати кутоҳ бо “Азия-Плюс” гуфт, додгоҳ ӯро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ гунаҳкор дониста, 1 ҳазору 600 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда 64 сомонӣ) ҷарима таъйин кард. Ҳукми суд имрӯз, 7-уми декабр, баромадааст.

Номбурда афзуд, ки дар рафти тафтишот ҷониби даъвогар аз даъвояш даст кашид ва ҳамин тариқ, додгоҳ Синои Рустамзодро бо гумони вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҷарима кард.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Додситонии шаҳри Панҷакент бар асоси шикояти Беҳзод Муҳаммадӣ, узви пешини гуруҳи "Авангард" ва ҳоло корманди Идораи ҷавонони Панҷакент нисбати Синои Рустамзод ба иттиҳоми "авбошӣ" парванда кушодааст.

Гуфта мешуд, ки қазия ба занозании рӯзи 9-уми сентябри имсол вобаста аст. Гӯё дар ин ҳодиса Беҳзод Муҳаммадӣ осеб дида, таҳқир шудааст. Худи Синои Рустамзод гуфта буд, ки гуноҳ надорад.

Беҳзод Муҳаммадӣ 26-сола ва узви пешини гуруҳи "Авангард", як созмони вобаста ба Вазорати корҳои дохилӣ аст. Пайравони ин гуруҳ бештар ба ҷонибдорӣ аз ҳукумату мансабдорон ва ҳамлаҳои лафзӣ ба зидди мухолифон ва мунтаққидон шуҳрат доранд.

Бо ҷарима аз толори додгоҳ озод гардидани мудири як телевизиони мустақил дар ҳолест, ки давоми соли равон ҳадди ақал чаҳор рӯзноманигори тоҷик дастгир ва ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд. Қазияи онҳо сару садои зиёдеро ба миён овард ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио