Паёми имсолаи президент 23-юми декабр ироа мегардад

Паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлсиси Олии Тоҷикистон рӯзи 23-юми декабри соли 2022 ироа хоҳад шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ, бо нашри эълон аз баргузории ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, даъвати шашум хабар дода, гуфтааст, ки тибқи моддаи 55 […]

Мазҳаб Ҷумъа, "Asia-Plus"

Паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлсиси Олии Тоҷикистон рӯзи 23-юми декабри соли 2022 ироа хоҳад шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ, бо нашри эълон аз баргузории ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, даъвати шашум хабар дода, гуфтааст, ки тибқи моддаи 55 Конститутсияи Тоҷикистон ироаи паёми Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон замони ироаи паёми худ, маъмулан самтҳои асосии сиёсати дохилу хориҷ, инчунин рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро дар соли оянда мушаххас мекунад.

Дар ин ҷаласаи ироаи паём, ҳамасола ба ҷуз вакилону аъзои Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои кишвар, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ низ даъват мешаванд.

Кормандони ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандаҳои синфҳои болоии мактабҳо ҳамасола паёми Эмомалӣ Раҳмонро дар толорҳои муассисаҳояшон гӯш мекунанд.

Ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиону радиои кишвар маросими ироаи паёмро ба таври зинда нашр мекунанд.

Чун анъана ҳамасола раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба ҳарду палатаи порлумони кишвар ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлати Тоҷикистонро шарҳ медиҳад.

Аз соли 2015 президент то охири моҳи декабр паёми худро ба парлумон ироа мекард, лекин соли 2020 он рӯзи 26 январи соли 2021 сурат гирифта буд. Ҳамин тариқ, соли гузашта боз ба моҳи декабр баргашт ва он рӯзи 21-уми декабр ироа гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио