Ронандае, ки дар ағба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, боиси сарозер гаштани “Дулан” шуд, ҷарима гардид

Нисбати ронандае, ки дар ағба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, боиси садамаи нақлиётӣ ва сарозер шудани  “Дулан” гашта буд, ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи 256 сомонӣ ҷарима таъйин гардидааст. Дар ин бора Шӯъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ  дар вилояти  Суғд, зимни як гузориш телевизионӣ иттилоъ дод. “4-уми ноябри соли 2022, […]

Asia-Plus

Нисбати ронандае, ки дар ағба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, боиси садамаи нақлиётӣ ва сарозер шудани  “Дулан” гашта буд, ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи 256 сомонӣ ҷарима таъйин гардидааст. Дар ин бора Шӯъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ  дар вилояти  Суғд, зимни як гузориш телевизионӣ иттилоъ дод.

“4-уми ноябри соли 2022, тахминан соатҳои 12.00 дақиқа, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Зефира” Юнусов Эраҷ Аъзамқулович, сокини ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар километри 92-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ талаботи қоидаҳои ҳаракат  дар роҳро дағалона вайрон намуда, ҳангоми сабқат намудан ба муқобили самти ҳаракати воситаи нақлиёти  тамғаи “Дулан”  баромада, ҳолати садамавиро ба вуҷуд меорад, ки дар натиҷа ду воситаҳои нақлиёти  боркаш ба ҳам бархӯрда, осеби техникӣ бардоштанд. Хушбахтона, дар ин садамаи нақлиётӣ ягон шахс ҷароҳати ҷисмонӣ набардоштааст”, – зикр мегардад дар гузориш.

Ҳамчунин, дар ин гузориш таъкид мешавад, ки оид ба ҳодисаи мазкур нисбати ронандаи воситаи нақлиёт, парвандаи маъмурӣ тибқи моддаи  333, қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шудааст. Баъди аз тарафи ронанда барқарор намудани воситаи нақлиёти дар натиҷаи садама зарардида, нисбати ронандаи “Опел-Зефира” ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи 256 сомонӣ ҷарима таъйин гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки навори лаҳзаи рух додани садама, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, мавриди баҳсу баррасиҳои зиёд қарор гирифт. Дар навор дида мешуд, ки ронандаи “Опел-Зефира” ҳангоми баромадани баландии ағба, дар ҷойи мамнӯъ ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва боиси сар задани садама мегардад. Ронандаи “Дулан” ба хотири пахш накардани мошини “Опел-Зефира” самти ҳаракати худро дигар карда, ба мошини дигари боркаш бармехӯрад. Дар натиҷа, мошини боркаш ба ҷарӣ сарозер мешавад.

Дар навор дида мешавад, ки ронандаи “Опел-Зефира” пас аз сар задани садама аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ маҳз ба ҳамин фирор кардани ронандаи “Опел-Зефира” эътирози худро баён карда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.