Дар боғҳои Хатлон Сирки Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ дорад

Сирки Ӯзбекистон «Вуадиль Чанор» бо сафари ҳунарӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд аз ҳунарнамоии онҳо баҳравар шаванд, зеро артистони сирк дар макони серодам ҳунарнамоӣ мекунанд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” роҳбари гурӯҳ Бахтиёр Мамадҷонов хабар дод, сафари ҳунарии онҳо дар ҷануби Тоҷикистон то моҳи феврали соли оянда идома меёбад. “Дар ҳайати гурӯҳ намояндагони […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Сирки Ӯзбекистон «Вуадиль Чанор» бо сафари ҳунарӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд аз ҳунарнамоии онҳо баҳравар шаванд, зеро артистони сирк дар макони серодам ҳунарнамоӣ мекунанд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” роҳбари гурӯҳ Бахтиёр Мамадҷонов хабар дод, сафари ҳунарии онҳо дар ҷануби Тоҷикистон то моҳи феврали соли оянда идома меёбад.

“Дар ҳайати гурӯҳ намояндагони қариб ҳамаи навъҳои ҳунарҳои сирк ҳастанд, – изҳор дошт ӯ. – Онҳо ҳунари худро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳо намоиш медиҳанд. То 15 декабр дар Бохтар қарор дошта, сипас ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят меравем”.

Қобили зикр аст, ки тобистони ҳамин сол сафари ҳунарии ин гурӯҳи сирки кишвари ҳамсоя дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд баргузор шуд.

“Пас аз вилояти Хатлон сафари ҳунариамон ба ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Ин сафар тобистон доир мегардад”, – иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, ки сафари ҳунарии сирки Ӯзбекистон дар доираи ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни кишварҳо доир мегардад.

Мувофиқи қарордод, намояндагони сирки Ӯзбекистон барномаи худро дар қаламрави Тоҷикистон муддати тамоми соли ояндаи 2023 намоиш медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.