Қатъи гуруснанишинӣ. Вазорати тандурустӣ ба мушкил расидагӣ кард

Пас аз нашри хабар аз мушкили сокини нобинои шаҳраки Ҳаёти Нави шаҳри Ҳисор Амиршо Ғафуров, ки ба нишони эътироз аз бепарвоии мансабдорони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти шаҳри Ҳисор се рӯз гуруснагӣ эълон карда буд, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба зердастонаш дастур додааст, ки мушкили ин шаҳрвандро ҳал […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Пас аз нашри хабар аз мушкили сокини нобинои шаҳраки Ҳаёти Нави шаҳри Ҳисор Амиршо Ғафуров, ки ба нишони эътироз аз бепарвоии мансабдорони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти шаҳри Ҳисор се рӯз гуруснагӣ эълон карда буд, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба зердастонаш дастур додааст, ки мушкили ин шаҳрвандро ҳал кунанд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд.

Худи Амиршо Ғафуров низ ин хабарро ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, дар як  суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки баъди нашри матлаб “масъулони шаҳри Ҳисор аз ҳолаш хабар гирифтанд ва гуфтанд, ки омада доруҳояшро гирад".

Амиршо Ғафуров дирӯз, 6-уми декабр, ба “Азия-Плюс” шикоят карда, таъкид намуда буд, ки беш аз як моҳ мешавад наметавонад ҳаб (таблетка)-е, ки барои муолиҷааш бояд ройгон дода шавад, дастрас кунад.

Гуфтан лозим аст, ки Амиршо Ғафуров ҳамчунин, аз як пояш маҳрум аст ва имкони кор карданро надорад. Ӯ мегӯяд кумакпӯлии барояш муқарраргардида низ кам аст.

Ӯ қаблан дар суҳбат бо мо гуфта буд, ки пас аз буридани як пояш ба ӯ муолиҷа таъин карданд ва як давраи он 2 ҳазору 700 сомонӣ аст.

“Дар як сол бояд чор маротиба муолиҷа кунам, ҳар як ҳаб (таблетка) 400 сомонӣ нарх дорад, лекин ман пул надорам. Мувофиқи қонун, ин доруро ба ман бояд бепул диҳанд. Лекин аллакай як моҳ гузаштаву онро намедиҳанд”, – гуфта буд Амиршо Ғафуров.

Ӯ аз он шикоят дошт, ки ҳар рӯз ба шахсони масъули Вазорати тандурустӣ ва мақомоти шаҳри Ҳисор занг мезанад, лекин ҳамааш бефоида аст. Ҳеҷ кас гӯшаки телефонро намебардорад.

Пас аз ин Амиршо Ғафуров бо нишони эътироз аз бепарвоии мансабдорон гуруснанишинӣ эълон кард ва аз ин иқдоми ӯ “Азия-Плюс” дар як маводи алоҳида иттилоъ дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.