Воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон кам шуда, маҳсулоти нафтӣ ба таври назаррас афзуд

Давоми моҳҳои январ-октябри соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 155,2 млн доллар ҳудуди 329 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 воридот аз рӯи вазн ба андозаи 11,1% ва аз рӯи арзиш – 11,3% кам шудааст. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-октябри соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 155,2 млн доллар ҳудуди 329 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 воридот аз рӯи вазн ба андозаи 11,1% ва аз рӯи арзиш – 11,3% кам шудааст. Дар ҳамин ҳол, арзиши воридоти як тонна гази моеъ ба ҳисоби миёна қариб бетағйир – 487 доллар боқӣ мондааст.

Зиёда аз 86,2%-и ин навъи сӯзишворӣ аз Қазоқистон, ҳудуди 8% – аз Ӯзбекистон, зиёда аз 5,5% – аз Русия ва 0,3% – аз Туркманистон харида шудааст.

Воридоти қисми зиёдтари гази моеъ аз Қазоқистон бо арзонтар будани он дар ин кишвар маънидод мешавад: нархи миёнаи як тонна гази воридотӣ аз Қазоқистон 483 доллар, Ӯзбекистон – 505, Русия – 514 ва Туркманистон – 804 долларро ташкил медиҳад.

Нархи гази Қазоқистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 қариб бетағйир боқӣ монда, гази Ӯзбекистон қариб 2%, газ аз Русия – 17,8% арзон шуд, лекин гази Туркманистон баръакс, 1% қимат шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо 10 моҳи соли гузашта дар ҳамин давраи соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз рӯи вазн ба андозаи 30,1% ва аз рӯи арзиш – 80% зиёд шуд. Давоми моҳҳои январ-октябри ҳамин сол аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 645 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст.

Ҳудуди 90%-и ин навъи маҳсулот тариқи имтиёзнок (бидуни пардохти боҷи содиротии гумрукӣ) аз Русия оварда мешавад.

Нархи чаканаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон аз оғози сол ба андозаи 15,1%, бензин – 10,9% поин рафта, арзиши сӯзившории дизелӣ (солярка), баръакс – ба миқдори 16,1% боло рафт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.