Аввалин қатли саҳроии Толибон пас аз ишғоли дубораи қудрат дар Афғонистон

Дирӯз, 7-уми декабр, Толибон* як нафар маҳкумшуба ба қатлро дар маҳзари ом эъдом кардаанд. Саҳнаи қатлро роҳбарони воломақоми Толибон, аз ҷумла ноиби сарвазири ҳукумати худхондаи ин гуруҳ Мулло Абдулғанӣ Бародар, сарпарастони додгоҳи олии Толибон, вазорати корҳои хориҷиву дохила, вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, вазорати маориф, адлия, раиси дафтари Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, сухангӯи […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дирӯз, 7-уми декабр, Толибон* як нафар маҳкумшуба ба қатлро дар маҳзари ом эъдом кардаанд. Саҳнаи қатлро роҳбарони воломақоми Толибон, аз ҷумла ноиби сарвазири ҳукумати худхондаи ин гуруҳ Мулло Абдулғанӣ Бародар, сарпарастони додгоҳи олии Толибон, вазорати корҳои хориҷиву дохила, вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, вазорати маориф, адлия, раиси дафтари Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, сухангӯи Толибон ва волиёни Қандаҳору Ҳирот дар варзишгоҳи вилояти Фароҳ тамошо кардаанд, менависад рӯзномаи “8 субҳ”.

Ба иттилои ин расона, Толибон гуфтаанд, ки як бошандаи вулусволии Инҷили вилояти Ҳиротро, ки ба қатли як сокини вулусволии Пуштикӯҳи вилояти Фароҳ муттаҳам буд, ба эъдом кардаанд.

"Қарор буд ҳамон рӯз як зан низ дар варзишгоҳи Фароҳ сангсор шуда, ду марди дигар эъдом шаванд, аммо Толибон эъдоми як нафарро таъйид кардаанд”, – менаисад ин рӯзнома.

Муҳокимаҳои саҳрои ва эъдом дар мазҳари ом аз сӯйи Толибон пайваста аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон мавриди интиқод қарор дода мешавад. Толибон дар рӯзҳои аввали ғасби қудрат дар Афғонистон эълон карда буданд, ки “аз Толибони соли 1996 фарқ доранд” ва дигар он ваҳшоният моли таърих шудааст, аммо тавре мушоҳида мешавад, бо гузашти бештар аз як сол ин гуруҳ “одатҳои қаблии худро” барқарор карда истодааст.

Ҳамакнун, Толибон ҳамаи қавонини ҷумҳуриятро лағв карда, дубора қонунҳои худро ҷорӣ карданд. Ахиран, роҳбари ин гуруҳ Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода бо судури як фармон, ба додрасҳои хеш дастур додааст, ки минбаъд ҳукми худро дар асоси шариат содир намоянд.

Дар як соли ахир, расонаҳои Афғонистон пайваста аз ҳолатҳои фаровони муҳокимаҳои саҳроӣ аз ҷониби Толибон дар саросари кишвар итттилоъ дода, таъкид мекунанд, ки ҷазоҳое чун шаллоқу дарракӯбӣ ва дастбуриву сангсоркунии маҳкумшудаҳо ҳамакнун ба як амри табиӣ табдил ёфтаанд.  

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.