Шиносномаи Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонӣ 18 мавқеъ боло рафт

Дар Шохис (индекс)-и навшудаи шиносномаҳои ҷаҳон дар соли 2022 мавқеи Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта якчанд зина беҳтар шуд. Ин маълумот дар сомонаи расмии таснифбанди кишварҳои Passport Index қобили дарёфт аст. Агар дар соли 2021 шиносномаи Тоҷикистон дар зинаи 90-уми шохис қарор гирифта буд, пас имсол он то мақоми 72-юм боло рафта, ҳамроҳ бо Ветнам […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Дар Шохис (индекс)-и навшудаи шиносномаҳои ҷаҳон дар соли 2022 мавқеи Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта якчанд зина беҳтар шуд. Ин маълумот дар сомонаи расмии таснифбанди кишварҳои Passport Index қобили дарёфт аст.

Агар дар соли 2021 шиносномаи Тоҷикистон дар зинаи 90-уми шохис қарор гирифта буд, пас имсол он то мақоми 72-юм боло рафта, ҳамроҳ бо Ветнам ва Камбоҷа қарор дорад.

Мавқеи кишвар дар радабандӣ тибқи шумори кишварҳое, ки шаҳрвандони кишвар ба онҳо бидуни пешакӣ анҷом додани расмиёти гирифтани раводид (бе раводид (виза) ё бо раводид замони расидан) сафар карда метавонанд, муайян карда мешавад.

Ба ин тариқ, шаҳрвандони Тоҷикистон ба 26 кишвар бе раводид, ба 43 давлат – бо раводид замони расидан ва 129 кишвар – бо гирифтани раводид сафар карда метавонанд.

Ӯзбекистон дар зинаи каме болотар – 69-ум қарор дорад. Барои шаҳрвандони ин кишвар реҷаи бидуни раводид дар 28 кишвар амал мекунад. Қирғизистон ҳам дар ҳамин мавқеъ қарор дошта, бо 27 кишвар реҷаи равуои бе раводид дорад.

Қазоқистон дар мавқеи 56-ум ҷой гирифта, бо 38 кишвар реҷаи равуои бе раводид дорад. Туркманистон дар мақоми 79-ум қарор гирифта, шаҳрвандонаш бе раводид ба ҳамагӣ 16 кишвар рафта метавонанд.

Русия зинаи 38-умро касб карда, лекин дар муқоиса бо соли гузашта акнун бо шиносномаи Русия бе раводид на аз 118 кишвар, балки танҳо аз 78 кишвар боздид кардан имкон дорад.

Зинаи аввалро дар рейтинг Амороти Муттаҳидаи Араб ишғол намудааст, ки шаҳрвандонаш бе раводид ба 121 кишвари дунё сафар карда метавонанд. Дар зинаи охири рейтинг Афғонистон ҷойгир шудаст. Шаҳрвандони ин кишвар бе раводид ҳамагӣ ба 5 кишвар сафар карда метавонанд, ҳарчанд соли гузашта шумори чунин кишварҳо 26-то буд.

Индекси шиносномаҳои Henley & Partners рейтинги байнулмилалии кишварҳо оид ба сатҳи озодии равуо мебошад, ки онҳо ба шаҳрвандони худ пешниҳод кардаанд. Дар он қоидаҳои марбут ба раводид дар зиёда аз 200 кишвар ва қаламравҳо ба риштаи таҳлил кашида шуда, давлатҳо мувофиқи имкони сафари бе раводид ба дигар давлатҳо раддабандӣ мешаванд.

Индекси шиносномаҳо аввалин дар таърих рейтинги байнулмилалиест, ки муносибатҳои байнулмилалӣ ва мақоми кишварҳоро дар арсаи ҷаҳонӣ таҷассум месозад. Аз соли 2018 Шохиси шиносномаҳо ҳар семоҳа нав мешавад, то ки дар бораи тағйирот дар реҷаи кишварҳои бе раводид маълумот пешниҳод гардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.