Сӯхтор дар мактаби деҳаи Кулканди Исфара

Date:

Субҳи имрӯз, 8-уми декабр, дар мактаби №51-и ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа, қисме аз мактаб сӯхта хароб гашт. Дар ин бора Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз ҳодисаи сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар вилояти Суғд ба “Asia-Plus” иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки ҳодиса пеш аз оғози дарсҳо рух додааст ва касе зарар надидааст.

“Ҳоло сабаби сӯхтор ва зарари аз он расида таҳқиқ карда мешавад”, – гуфт Қаҳрамон Қодирзода.

Дилором Атобоева, директори мактаби мазкур зимни суҳбат бо “Asia-Plus” таъкид намуд, ки “соати 5:22 посбони мактаб занг зада аз сар зани сухтор хабар додааст”.

“Дар мактаб 440 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Ба онҳо 35 нафар омӯзгор дарс медиҳанд ва 10 нафар ҳайати хоҷагидорӣ мебошанд”, – гуфт Дилором Атобоева.

Муноҷот Увайсова, роҳбари созмони хонандагони мактаби мазкур гуфт, ки “дар пайи сӯхтор ду тарафи долони мактаб сӯхтааст”.

Дар ҳоле, ки мақомот аз таҳқиқи сабаби сӯхтор ва зарари аз он расида иттилоъ медиҳанд, Муноҷон Увайсова зикр мекунад, ки “хатмкардаҳои ин муассиса, муҳоҷирон ва сокинони ҷамоат  сарҷамъона масолеҳи сохтмонӣ датрас карда, алакай ба бартарафкуниии зарар пардохтаанд”.

“То бегоҳии имрӯз, 8-уми декабр, зарари аз сӯхтор расида пурра бартараф шуда, аз пагоҳ дарс мисли рӯзҳои муқаррарӣ ба роҳ монда мешавад”.

Гуфтан ба маврид аст, ки давоми 8-рӯзи моҳи декабр ин 9-умин ҳодисаи сӯхтор дар вилояти Суғд ба ҳисб меравад. Панҷ рӯз қабл, дар шаҳри Истаравшан нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...