Баъди се моҳи таваққуф ва каме поинравӣ, маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон боз қимат мешавад

Date:

Нархҳо ба маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон давоми моҳи ноябр 0,9% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 0,3% боло рафта, хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ, баъакс – 0,1% поин рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

То ин дам арзиши маҳсулот дар зарфи 3 моҳ поин рафта буд.

Ба сурати умум, дар зарфи 11 моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта сатҳи таваррум 3,5 банди фоизӣ – аз 7,5% то 4,0% поин рафт.

Аз ҷумла аз оғози соли ҷорӣ маҳуслоти ғизоӣ 5,0%, маҳсулоти ғайриозуқа – 3,3% ва хидматрасонии пулакӣ – 2,5% қимат шуданд.

Маҳсулоти зерини хӯрокворӣ бештар гарон шуданд:

– тухм – 45,4%;

– сабзавот – 20,5%;

– шир – 14,0%

– орди гандуми нави 1-ум – 8,6%;

– маснуоти нонӣ ва ярма (крупа) – 7,3%;

– шакар (қанд) – 6,3%.

Нархи чунин маҳсулоти ғайриозуқа бештар боло рафт:

– маводи шустушӯ – 20,3%;

– сӯзишвории дизелӣ – 16,2%;

– матоъ барои сарулибос – 4,9%;

– масолеҳи сохтмон – 3,9%.

Болоравии арзиши хидматрасони пулакӣ ба аҳолӣ асосан аз ин ҳисоб ба вуҷуд омад:

– неруи барқ – 17,3%;

– хидматрасонӣ дар тарабхона ва меҳмонхонаҳо – 4,6%;

– хидматрасонии тиббӣ – 3,8%.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо (тарифҳо) дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...