Баъди се моҳи таваққуф ва каме поинравӣ, маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон боз қимат мешавад

Нархҳо ба маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон давоми моҳи ноябр 0,9% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 0,3% боло рафта, хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ, баъакс – 0,1% поин рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. То ин дам арзиши маҳсулот дар зарфи 3 моҳ поин рафта буд. Ба сурати умум, дар зарфи 11 моҳи соли равон дар муқоиса бо […]

Нархҳо ба маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон давоми моҳи ноябр 0,9% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 0,3% боло рафта, хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ, баъакс – 0,1% поин рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

То ин дам арзиши маҳсулот дар зарфи 3 моҳ поин рафта буд.

Ба сурати умум, дар зарфи 11 моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта сатҳи таваррум 3,5 банди фоизӣ – аз 7,5% то 4,0% поин рафт.

Аз ҷумла аз оғози соли ҷорӣ маҳуслоти ғизоӣ 5,0%, маҳсулоти ғайриозуқа – 3,3% ва хидматрасонии пулакӣ – 2,5% қимат шуданд.

Маҳсулоти зерини хӯрокворӣ бештар гарон шуданд:

– тухм – 45,4%;

– сабзавот – 20,5%;

– шир – 14,0%

– орди гандуми нави 1-ум – 8,6%;

– маснуоти нонӣ ва ярма (крупа) – 7,3%;

– шакар (қанд) – 6,3%.

Нархи чунин маҳсулоти ғайриозуқа бештар боло рафт:

– маводи шустушӯ – 20,3%;

– сӯзишвории дизелӣ – 16,2%;

– матоъ барои сарулибос – 4,9%;

– масолеҳи сохтмон – 3,9%.

Болоравии арзиши хидматрасони пулакӣ ба аҳолӣ асосан аз ин ҳисоб ба вуҷуд омад:

– неруи барқ – 17,3%;

– хидматрасонӣ дар тарабхона ва меҳмонхонаҳо – 4,6%;

– хидматрасонии тиббӣ – 3,8%.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо (тарифҳо) дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.