Душанбе бори нахуст мусобиқаи Гран-прии ҷудоро пазироӣ мекунад

Соли 2023 дар Душанбе бори нахуст мусобиқаи Гран-прии ҷудо баргузор мешавад. Мусобиқа рӯзҳои 2-4 июни соли оянда доир мегардад. Он ба тақвими Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дохил карда шудааст. Тавре ки гуфта мешавад, дар он ҳудуди 300 нафар ҷудокорони зиёда аз 30 кишвари саросари дунё ширкат хоҳанд варзид. Дар марҳилаҳои ҷудогона онҳо барои даст ёфтан […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли 2023 дар Душанбе бори нахуст мусобиқаи Гран-прии ҷудо баргузор мешавад. Мусобиқа рӯзҳои 2-4 июни соли оянда доир мегардад. Он ба тақвими Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дохил карда шудааст.

Тавре ки гуфта мешавад, дар он ҳудуди 300 нафар ҷудокорони зиёда аз 30 кишвари саросари дунё ширкат хоҳанд варзид. Дар марҳилаҳои ҷудогона онҳо барои даст ёфтан ба имтиёзҳо (баллҳо)-и олимпӣ рақобат мекунанд.

Қаблан бо ибтикори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муяссар шуда буд, ки бо IJF дар бораи баргузории мусобиқаи Гран-прии ҷудо дар солҳои 2023-2025 дар Душанбе тавофуқ ҳосил шавад. Баъдан дар Абу-Даби байни Федератсияи байнулмилалии ҷудо ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар ин бора созишномаи дахлдор ба имзо расид.

Дар баробари ин Федератсияи байнулмилалии ҷудо дар сомонаи худ мусоҳиба бо роҳбари нави Федератсияи миллии ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоирро нашр кардааст.

Муаллифи мавод зикр мекунад, ки Исмоил Маҳмадзоир аз як тараф зерсохтори варзишӣ бунёд намуда, аз ҷониби дигар, ба варзишгарони тоҷик аз лиҳози моддӣ ва молиявӣ кумак мекунад.

Дар мусоҳиба Исмоил Маҳмадзоир изҳор намудааст, ки дар марҳилаи аввал муттаҳид кардани талошҳои даста, ҳайат ва мураббиёнро баҳри рушди ҷудои занона ва паралимпӣ, роҳандозии низоми муосири омодагӣ дар минтақаҳо ва ҳунарнамоии муваффақона дар Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж (Фаронса) зарур мешуморад.

Ба ақидаи ӯ, Гран-при Душанбе-2023 барои Федератсияи миллӣ як гардиши нав дар рушди ин навъи варзиш дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.