Эмомалӣ Раҳмон ба вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ ба Санкт-Петербург меравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзҳои 26-27 декабр дар Санкт-Петербург доир мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд. Ҳоло маълум нест, ки киҳо Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанду оё вохӯриҳои дуҷониба бо сарони дигар кишварҳо […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзҳои 26-27 декабр дар Санкт-Петербург доир мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

Ҳоло маълум нест, ки киҳо Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанду оё вохӯриҳои дуҷониба бо сарони дигар кишварҳо дар назар ҳаст ё не.

Тавре ки дар хадамоти матбуот зикр карданд, ҳоло дар робита ба ин сафар нақшаи муайяне таҳия нашудааст.

Қаблан раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев изҳор дошта буд, ки “ин вохӯрӣ ба таҳкими ҳамкориҳо такони иловагӣ хоҳад бахшид”.

Вохӯрии сарони кишварҳои узви ИДМ бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад. Мулоқоти пешинаи ба ин монанд низ 7 октябр дар Санкт-Петербург доир гардида буд.

Иттиҳоди Давлатҳои мустақил соли 1991 таъсис ёфта, ба ҳайти он 9 кишвар шомиланд: Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Беларус, Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.