Толибон таҳсили духтарон дар донишгоҳро манъ карданд. Ҷангҷӯён макотиби олиро иҳота кардаанд

Ҳамзамон бо баргузории нишасти Шӯрои амният дар мавриди вазъияти бади башарӣ дар Афғонистон, Толибон* бори дигар бо эъломи манъи таҳсили духтарон дар донишгоҳ беэътиноии худро ба хостаҳои ҷомеаи ҷаҳон намоиш доданд. Вазорати таҳсилоти олии Толибон рӯзи сешанбе, 20-уми декабр, бар асоси хулосаи девони вазирон ва дастури Мавлавӣ Нидомуҳаммад Надим, сарпарасти вазорати таҳсилоти олии Афғонистон аз […]

Таҳияи Алимшоҳ Меҳрзода

Ҳамзамон бо баргузории нишасти Шӯрои амният дар мавриди вазъияти бади башарӣ дар Афғонистон, Толибон* бори дигар бо эъломи манъи таҳсили духтарон дар донишгоҳ беэътиноии худро ба хостаҳои ҷомеаи ҷаҳон намоиш доданд.

Вазорати таҳсилоти олии Толибон рӯзи сешанбе, 20-уми декабр, бар асоси хулосаи девони вазирон ва дастури Мавлавӣ Нидомуҳаммад Надим, сарпарасти вазорати таҳсилоти олии Афғонистон аз манъи таҳсили духтарон дар донишгоҳҳои хусусӣ ва давлатӣ хабар дод. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии “Аamajnews” иттилоъ медиҳад.

Ин расона менависад, ки тасмими ҷадиди Толибон вокунишҳои тунд ва густурда дар пай доштааст. Шуморе аз созмонҳои байналмилалӣ гуфтаанд, ки мақомҳои Толибон бо тасмими ҷадиди худ беэътиноии худро ба хостаҳои ҷомеаи ҷаҳон нишон доданд.

Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар вокуниш ба тасмими манъи таҳсили духтарон ва занон дар донишгоҳҳо, гуфтааст, ки ин тасмим бар ояндаи Афғонистон таъсири фоҷиабор хоҳад дошт.

Антонио Гуттериш аз мақомҳои Толибон хостааст, ки заминаи омӯзишро барои занон ва духтарони Афғонистон фароҳам кунанд.

Стефан Дуҷарик, сухангӯи сармуншии СММ рӯзи гузашта дар як нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк бо ибрози нигаронӣ ин фармони Толибонро маҳкум кард ва гуфт, “наметавон тасаввур кард, ки як кишвари бидуни омӯзиш ва мушорикати фаъоли занон тавсеа пайдо кунад”.

Дар ҳамин ҳол Алисион Давидиан, намояндаи бахши занони СММ дар Афғонистон дар Твиттер навишт: “Имрӯз як рӯзи сиёҳи дигар барои Афғонистон аст”.

“Тасмими ахири Толибон барои манъи вуруди занон ба донишгоҳ ҳамлаи мустақим бар ояндаи Афғонистон аст”, – гуфт Алисион Давидиан.

Ричард Бинет, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари СММ барои Афғонистон гуфт, ки ин тасмим нишондиҳандаи “нақзи бештари ҳаққи омӯзиши баробар ва маҳви занон аз ҷомеаи Афғонистон аст”.

Ӯ аз Толибон хост, ки дар мавриди ин тасмимашон таҷдиди назар кунанд. Ричард Бинет таъкид намуд: “Бигзоред духтарони Афғонистон биёмӯзанд”.

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи пешини Амрико барои Афғонистон дар Твиттер навишт: “Барои ин кор ҳеҷ чизе дар ислом ва таърихи Афғонистон вуҷуд надорад, ки чунин тасмимиро тавҷеҳ кунад. Ин тасмим ба пешрафт ва худмухтории Афғонистон зарар мерасонад. Ман аз Толибон мехоҳам тамоми талоши худро барои лағви ин тасмим анҷом диҳанд”.

Ахиран, дар пайи судури фармони манъи таҳсили духтарон дар донишгоҳҳо ҷангҷуёни Толибон ба ниҳодҳои таҳсилӣ, ҳуҷум бурдаанд.

Донишҷӯёни Кобул рӯзи чаҳоршанбе, 21-уми декабр, ба рӯзномаи “8-и субҳ” гуфтаанд, ки ҷангҷуёни гурӯҳи Толибон субҳи барвақт ба донишгоҳҳо рехта ва монеъи вуруди духтарон ба донишгоҳҳо шудаанд.

Ба иттилои манбаъ бархе аз корбарони духтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бо нашри аксҳо аз ҳуҷуми ҷангҷуёни Толибон дар пушти дарвозаи ниҳодҳои таҳсилии хусусӣ ва давлатӣ дар Кобул, аз манъи вуруди духтарон ба донишгоҳҳо аз сӯи Толибон навиштаанд.

Фармони раҳбари Толибон барои мамнуъияти вуруди духтарон ба донишгоҳҳо дар ҳоле аз сӯи ин гурӯҳ иҷро шуд, ки соли таҳсилӣ дар Афғонистон рӯ ба поён аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки соли гузашта Толибон таҳсили духтарони боло аз синфи 6 дар макотиби миёнаро низ манъ карда буданд. Он замон ин гуруҳ ваъдла карда буд, ки бо муҳайё кардани шароит, ба таҳсили духтарон иҷоза медиҳад. Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, бо гузашти якуним сол аз ин ваъда, дар Афғонистон натанҳо шароит фароҳам оварда нашуд, балки дар ин самт ҳеҷ иқдоме амалӣ нагардид. Вазъ дар Афғонистон рӯз аз рӯз бадтар мешавад.  

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.