spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Баъди матлаби “Азия-Плюс” мақомот ба кофтукоби дубораи писарбачаи 3 сол пеш гумшуда пардохтанд

Мақомоти қудратии Тоҷикистон баъди нашри матлабе дар "Азия-Плюс" ба ҷустуҷӯйи дубораи кӯдаке пардохтаанд, ки чанд сол пеш гум шуда буд.  Дар ин бора модари модари кӯдаки гумшуда Зулфия Ҳамидова хабар дод. 

Зулфия Ҳамидова, модари Икром Ҳамидовро, ки тақрибан се сол пеш нопадид шуда буд, баъди нашри матлаби муроҷиат ба раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар хабаргузории «Азия-Плюс», ки барои пайдо кардани писараш мусоидати шаҳрдориро хоста буд ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии порйтахт даъват кардаанд.

Ҳамидова гуфт, ки баъди нашри муроҷиат маро ба ШКД дар ноҳияи Фирдавсӣ даъват намуданд ва такроран пурсуҷӯ намуданд. Ин маротиба ному насаби тамоми аҳли авлодамонро навиштанд ва гуфтан барои кофтукоб лозим аст. Ва гуфтанд, кофтукобро боз шиддат мебахшем»,- гуфтаанд ба ин зан.

Ҳамзамон Ҳамидова мегӯяд, чанд рӯзе қабл дар қабули муовини вазири корҳои дохила Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким будааст, ки аз ҷонибиин муовини вазир низ ба ШКД дар ноҳияи Фирдавсӣ барои пайдо кардани кӯдак супориш дода шуд, то чораҳои оперативии иловагӣ ба роҳ монда шавад.

Модари Икром Хамидов, мегӯяд, баъди як мудати танаффус, ки бинобар паҳн гардидани бемории коронавирус дар кишвар ба мақомот муроҷиат накарда буданд, ҳоло дубора кофтукоби фарзанд ва муроҷиатҳоро оғоз намудааст.

Аз ВКД низ ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки навобаста аз ҳар гуна бемориҳо корҳои ҷустуҷӯии Икром Ҳамидов идома дошта, аммо то ҳол аз ӯ хабаре нест. Инчунин гуфта шуд, ки барои пайдо кардани ин ноболиғ ҳамаи чораҳои ҷустуҷӯи оперативӣ идома дошта, дар телевизион низ акси ӯ зуд-зуд ба намоиш гузошта мешавад, то мардум дар пайдо гардидани ӯ бо кормандони милиса ҳамкорӣ дошта бошанд.  

«Барои пайдо гардидани ноблиғ, ки муддати зиёда аз 2 сол мешавад бедарак гардидааст, ҳоло чораҳои иловагии оперативӣ андешида шуда истодааст. Инҳодиса парванда дорад ва дар кофтукоб қарор дорад».

Модари Икром мегӯяд, инчунин ду рӯз пеш ӯро ба додситонии ноҳияи Фирдавсӣ низ даъват карда, гуфтаанд, ки барои пайдо кардани фарзандаш гурӯҳи корӣ ташкил гардида, чораҳои кофтукоби иловагӣ андешида мешавад.

Ин модар умед дорад, ки ин ниҳодҳо фарзандашро пайдо хаҳанд кард. Ва аз он хушҳол аст, ки якбора ҳам ВКД, ШКД-ву додситонии ноҳияи дар пайи ҷустуҷӯ шудаанд.

Бояд гуфт, ки бештар аз 2 солу 8 моҳ мешавад, ки аз Икром Ҳамидови 9-сола (ҳоло 12-сола) дараке нест. Ӯ 27-уми августи соли 2018  аз назди бинои истиқоматиашон (ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад 64\ 2 ҳуҷраи 28) бедарак шудааст. Модари Икром Зулфия Ҳамидова, модари Икром дар бедарак шудани фарзандаш ҳамсояи худ Зокир Ҷабиловро гунаҳгор медонад.

То имрӯз тафтиши қазияи бедарак шудани Икром Ҳамидов идома дорад. Модари Икром аз ҳамаи сокинон мехоҳад, ки дар пайдо кардани фарзандаш ба ӯ ёрӣ расонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...