Русия ба интиқоли сабзавоту мева аз Тоҷикистон 50% тахфиф ҷорӣ кард

Идораи роҳи оҳани Русия муҳлати 50% тахфиф (камкунии нарх) барои интиқоли сабзавоту меваро аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дароз кард. “Раёсати ҶСК “Роҳҳои оҳани Русия (РЖД) тахфифҳоро ба кашониндани як қатор борҳо барои соли оянда тамдид кард. Аз ҷумла, 50% тахфиф ба боркашонии воридоти сабзавоту мева аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои соли 2023 боқӣ мемонад”, – […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Идораи роҳи оҳани Русия муҳлати 50% тахфиф (камкунии нарх) барои интиқоли сабзавоту меваро аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дароз кард.

“Раёсати ҶСК “Роҳҳои оҳани Русия (РЖД) тахфифҳоро ба кашониндани як қатор борҳо барои соли оянда тамдид кард. Аз ҷумла, 50% тахфиф ба боркашонии воридоти сабзавоту мева аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои соли 2023 боқӣ мемонад”, – иттилоъ медиҳад хабаргузории “РЖД-Партнер.ру”.

Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли 2020 раёсати “РЖД” дар бораи поинравии сатҳи таърифаҳо (тарифҳо) ба боркашонӣ қарор қабул кард.

Аз ҷумла, аз 1 январи соли 2021 тахфифҳо ба андозаи 50% ба боркашонии воридоти сабзавоту мева аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Русия дар қатораҳои мансуб ба ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» амал мекунанд. Ғайр аз ин, бастаи имтиёзҳои қаблан амалкунанда барои боркашонӣ дар рефконтейнерҳо (кконтейнерҳои муҷаҳҳаз бо яхдон) дар доираи васеи самтҳо нав карда шуд, зикр мекунанд дар “РЖД”.

Маълумот дар бораи қарордод бо “РЖД” дар бораи тахфифҳоро дар ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” тасдиқ карданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ширкат, намояндагони онҳо айни замон дар Маскав қарор доранд.

Коэффисиенти поинмерафта бо шарти озод кардани “РЖД” аз пардохт барои истифода аз қатораҳои дорои рефконтейнерҳои мансуб ба “Роҳи оҳани Тоҷикистон” амал мекунад.

Ҳиссаи назаррасро дар таркиби содироти сабзавоту мева аз Тоҷикистон пиёз, хушкмева ва ангур ташкил медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки Русия пешниҳоди тахфифҳо барои боркашонӣ аз Тоҷикистонро аз соли 2013 оғоз кард. Ҳаҷми аввали он 12,8%-ро ташкил дода, то соли 2018 тадриҷан ба 50% расонида шуд.

Қобили зикр аст, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар зарфи 11 моҳи соли 2022 ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 1 млрд 525 млн долларро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.