Мусодираи 8 кило маводи нашъаовар дар ноҳияи Панҷ

Date:

Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон кормандони милитсия 8 кило маводи нашъаоваррро дарёфт ва мусодира намуданд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар сокинони маҳаллӣ – Ғайрат Зоидови 36-сола ва Раҳмоналӣ Мавлонови 35-сола боздошт шудаанд.

“Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии Ғайрат Зоидов зиёда аз 7 кило маводи нашъаовари навъи “ҳашиш” ва аз дохили бағоҷи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс»-и Раҳмоналӣ Мавлонов 747 гр маводи психотропии навъи «метамфетамин» дарёфт ва мусодира карда шуд”, – хабар медиҳад ВКД.

Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки гумонбарон пайваста ба хариду фурӯши маводи нашъаовар машғул буда, бо ин роҳ манфиат ба даст меоваранд.

Зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел бо моддаи 200, қисми 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва маводи психотропӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Дар ин модда то 5 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...