Идомаи тағйироти кадрӣ. Баҳриддин Сироҷиддинзода раиси Агентии содироти Тоҷикистон таъйин шуд

Баҳриддин Сироҷиддинзода, ки то ин замон ба ҳайси муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон кор мекард, ба вазифаи раиси Агентии содироти Тоҷикистон таъйин шудааст. Дар ин маврид як манбаъ ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод. Қаблан дар ин вазифа Шавкат Бобозода фаъолият дошт, ки моҳи сентябри соли 2022 аввал боздошт ва баъдан бо фармони […]

Asia-Plus

Баҳриддин Сироҷиддинзода, ки то ин замон ба ҳайси муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон кор мекард, ба вазифаи раиси Агентии содироти Тоҷикистон таъйин шудааст. Дар ин маврид як манбаъ ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод.

Қаблан дар ин вазифа Шавкат Бобозода фаъолият дошт, ки моҳи сентябри соли 2022 аввал боздошт ва баъдан бо фармони президент аз мақом озод карда шуд.

Он замон Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки “Шавкат Бобозода боздошт шуда, зидди ӯ бар пояи банди 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парванда кушодаанд. Шавкат Бобозода ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ нигоҳдорӣ шуда, парвандаашро муфаттишони Додситонии кул таҳқиқ мекунанд”.

То ҳол таҳқиқи парвандаи Шавкат Бобозода ниҳоӣ нашуда, аз ҷониби Додситони кулли кишвар идома дорад.

Дар хусуси тағйироти кадрӣ тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст