Боздошти “Абӯ Маймун”-и тоҷикистонӣ дар Истанбул ба гумони омодакунии амали террористӣ

Мақомоти пулиси Туркия ду нафар узви эҳтимолии гурӯҳи фаъолияташ манъшудаи “Давлати исломӣ” (ДОИШ)-ро, ки дар шаби Соли нав анҷом додани амали террористиро дар Истанбюул тарҳрезӣ карда будаанд, боздошт намуд. Дар ин бора рӯзи 7 январ газетаи Sabah хабар додааст. Гумонбарон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон будаанд. Чанд соат пеш аз фарорасии Соли нави мелодӣ онҳо кӯшиш […]

Asia-Plus

Мақомоти пулиси Туркия ду нафар узви эҳтимолии гурӯҳи фаъолияташ манъшудаи “Давлати исломӣ” (ДОИШ)-ро, ки дар шаби Соли нав анҷом додани амали террористиро дар Истанбюул тарҳрезӣ карда будаанд, боздошт намуд. Дар ин бора рӯзи 7 январ газетаи Sabah хабар додааст.

Гумонбарон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон будаанд. Чанд соат пеш аз фарорасии Соли нави мелодӣ онҳо кӯшиш кардаанд, ки аз назари кормандони пулиси онҳоро пайгиридошта дар мавзеи Башакшеҳири Истанбул пинҳон шаванд. Лекин кормандони пулис бо тирпаронӣ ба чархҳои автомашина, онҳоро боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон бо ному насаби К.З.И. ва лақаби “Абӯ Маймун” дар “Давлати исломӣ” коршинос оид ба маводи таркандаи худсохт будааст. Муайян карда шудааст, ки ӯ ба аъзои созмони террористӣ ин корро меомӯхтааст. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати созмон фаъолияти таблиғотӣ мебурдааст.

Тибқи маълумоти мақомоти пулис, боздоштшудагон мехостаанд, ки як ҳамлаи террористии монанд ба 1 январи соли 2017-ро дар Истанбул, ки аз ҷониби ҳамин созмон содир шуда буд, анҷом диҳанд.  Он замон бар асари амали террористӣ 39 нафар ба ҳалокат расида буданд.

Ба иттилои мақомоти пулис, “Абӯ Маймун” ба ҳабс гирифта шуда, нисбати шаҳрванди Ӯзбекистон расмиёти истирдод кардан оғоз гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.