Таркиш дар назди ВКХ-и Афғонистон. 21 кушта ва 40 захмӣ

Дар ҳамлаи интиҳории дирӯз, 11-уми январ, дар назди вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон дасти кам 21 нафар кушта ва 40 каси дигар захмӣ шудаанд. Ба иттилои рӯзномаи “8 субҳ"  ДОИШ ин ҳамларо бар уҳда гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, ДОИШ дар хабарномааш ҳадаф аз ин ҳамларо барҳам задани мулоқоти дипломатони хориҷӣ бо Толибон* унвон кардааст. Ба гуфтаи […]

Алимшоҳ Меҳрзода

Дар ҳамлаи интиҳории дирӯз, 11-уми январ, дар назди вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон дасти кам 21 нафар кушта ва 40 каси дигар захмӣ шудаанд.

Ба иттилои рӯзномаи “8 субҳ"  ДОИШ ин ҳамларо бар уҳда гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, ДОИШ дар хабарномааш ҳадаф аз ин ҳамларо барҳам задани мулоқоти дипломатони хориҷӣ бо Толибон* унвон кардааст.

Ба гуфтаи бархе аз манобеъ, ин таркиш ҳангоме рух додааст, ки ҳайате аз дипломатони чинӣ дар вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон ҳузур доштаанд.

Намояндаи Толибон чанд соат пас аз ин ҳамла, онро кори «душманони низоми исломӣ» хонд ва ваъдаи интиқом дод.

Тайи як моҳи гузашта ин чандумин ҳамлаи ДОИШ бар маконҳои дипломатик дар Кобул аст. Пеш аз ин, гурӯҳи ДОИШ дар наздикии сафоратхонаҳои Русия ва Покистон низ таркиш анҷом дода буд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.