Хатмкардаи донишгоҳи Италия ва мушовири татбиқи лоиҳаҳо. Раиси нави кумитаи сайёҳӣ кист?

Камолиддин  Муминзоди 39-сола, ки ду рӯз пеш дар пайи тағйироти кадрӣ ба курсии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ такя зад, кист? Ӯ ҳарчанд дар чанд вазорату идора кор кардааст, вале дар миёни ҷомеаи Тоҷикистон чеҳраи чандон шинохта нест. Номбурда се донишгоҳ, аз ҷумла Донишгоҳи Тор Вергатаи Рими Италияро бо ихтисоси иқтисодчӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ҳамчун ҳуқуқшинос ва […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Камолиддин  Муминзоди 39-сола, ки ду рӯз пеш дар пайи тағйироти кадрӣ ба курсии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ такя зад, кист? Ӯ ҳарчанд дар чанд вазорату идора кор кардааст, вале дар миёни ҷомеаи Тоҷикистон чеҳраи чандон шинохта нест.

Номбурда се донишгоҳ, аз ҷумла Донишгоҳи Тор Вергатаи Рими Италияро бо ихтисоси иқтисодчӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ҳамчун ҳуқуқшинос ва факулттаи баҳисобгирии муҳосибию таҳлил ва аудитии Донишгоҳи муштараки славянии Тоҷикистону Русияро хатм кардааст.

Ӯ то замони ба ҳайси раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ интихоб шудан, муовини раиси ин кумита буд.

Камолиддин  Муминзод замоне роҳбари ин ниҳод таъин гардид, ки ба бахши сайёҳии кишвар таваҷҷуҳ бештар дода мешавад ва ҳадафи таъсиси ин ниҳод ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, рушди зерсохтҳои сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ, мусоидат ба сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба ин соҳа гуфта мешавад.

Ҳамин тариқ, раиси пешини ин ниҳод ҳам тӯли 3-соли фаъолияти худ тағйироти назаррасе дар соҳа накард ва маълум нест, ки ба чӣ мансабе таъин шудааст.

Ӯ яке аз ҷавонтарин роҳбарони аввали сатҳи болоӣ аст ва 39 сол дорад. Вай 13 сол асосан дар маркази идораи лоиҳаҳои вазорату кумитаҳои давлатӣ кор кардааст ва дар бахши идораи харид ва машварат дар татбиқи лоиҳаҳо таҷриба дорад.

Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2006, факултаи "Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит"-и  Донишгоҳи муштараки славянии Русия ва Тоҷикистон дар соли 2012 ва магистратураи байналмилалии оид ба идоракунии хариди давлатии факултаи "Иқтисодиёт"-и Донишгоҳи Тор Вергатаи шаҳри Рими Италия дар солҳои 2019-2020 мебошад.

Раиси нави Кумитаи рушди сайёҳӣ фаъолияти худро ҳамчун мутахассис ва сармутахассис оид ба мониторинг ва баҳодиҳии Маркази идораи Лоиҳаи «Лоиҳаи таҷдиди маориф»-и Вазорати маорифи Тоҷикистон дар соли 2007-2010 оғоз кардааст.

Баъдан, ҳудуди як сол сармутахассис оид ба мониторинг ва баҳодиҳии Маркази идораи Лоиҳа «Лоиҳаҳои ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувории соҳаи пахтакорӣ»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон кор мекунад.

Дар баробари ин, дар солҳои 2010-2011 ҳамчун ёвар оид ба мониторинг ва баҳодиҳии Лоиҳаи «Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои ҷавонони Тоҷикистон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон фаъолияти кории худро идома додааст.

Ҳамин тариқ, то соли 2014 дар ин кумита аввал ҳамоҳангсози ҷумҳуриявӣ доир ба мониторинг ва баҳодиҳии «Лоиҳаи пешгирии ВНМО/БПНМ миёни ҷавонони деҳот» ва дертар ҳамчун директори КВД «Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе» кор кардааст.

Соли 2014 дубора ба Вазорати кишоварзӣ бармегардад ва то соли 2016- ду сол Маркази идораи Лоиҳа «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»-и вазорат ба ҳайси мушовир оид ба харид фаъолият намудааст.

Ӯ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2018 ҳамчун мушовир оид ба хариди Гуруҳи идоракунии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» кор мекунад.

Ҳамин тариқ, баъди як соли фаъолият дар Ташкилоти ҷамъиятии “Нури Умед” ба ҳайси мутахассис оид ба хариди лоиҳаҳо соли 2019 ба Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон даъват мешавад ва як сол ҳамчун мутахассиси пешбари шӯъбаи ҳамоҳангсозии барнома, лоиҳа ва грантҳои маориф ва илм кор мекунад.

Моҳи июни соли 2020  бо фармони президент аз мутахасиси оддӣ ҳамчун муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон таъин мешавад ва то 11-уми январи соли 2023 дар ин мансаб кор мекунад.

Тибқи маълумоти манбаъҳои боз, раиси тозатаъини Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон забонҳои тоҷикиву русӣ ва инглисиро медонад.

Бино ба додаҳои пойгоҳи “Linkedin”, Камолиддин Муминзод ба кору фаъолияти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат ва тиҷорат дар ҷаҳон, мисли мудири Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ён Ким, нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо, мудири Бонки марказии Аврупо Кристин Лагард, бунёдгузори ширкати «Microsoft» Билл Гейтс ва валиаҳди Дубай Ҳамдан ибни Муҳаммад ал-Мактум таваҷҷуҳи хоса дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.