Имохатиб сардори дастаи футболи “Ҳулбук” шуд

Имомхатиби масҷиди марказии ҷомеи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Саийдакрам Сироҷев бо лақаби “Домулло Хол” сардори дастаи футболи “Ҳулбук” интихоб шуд. Дастае, ки номи қалъаи қадимиро дар Восеъ дорад, дар мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон бозӣ мекунад. Мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ имоми футболбозро бо гуфтаҳои “Мулло Хол ба пеш!” хушнудона истиқбол карданд. Як гурӯҳ мухлисон пуштибонии […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Имомхатиби масҷиди марказии ҷомеи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Саийдакрам Сироҷев бо лақаби “Домулло Хол” сардори дастаи футболи “Ҳулбук” интихоб шуд.

Дастае, ки номи қалъаи қадимиро дар Восеъ дорад, дар мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон бозӣ мекунад.

Мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ имоми футболбозро бо гуфтаҳои “Мулло Хол ба пеш!” хушнудона истиқбол карданд.

Як гурӯҳ мухлисон пуштибонии худро аз рӯҳониён дар майдони варзиш бо он асоснок карданд, ки ба назари онҳо, «дин аз дунё ҷудо нест. Кӣ гуфт, ки рӯҳонӣ набояд ба варзиш машғул шавад? Ин марди наҷиб ин корро ба манфиати ҷамъият кард. Худо ба ӯ ва дастаааш баракат диҳад! ”.

Дар даста умедворанд, ки обрӯву нуфузи имомхатиб ба кумаки тоҷирони маҳаллӣ ҷиҳати дар соли оянда ба Лигаи олии мамлакат роҳхат гирифтани дастаи “Ҳулбук” мусоидат мекунад. “Ҳулбук” қаблан дар Лигаи олӣ бозӣ карда, лекин бо сабаби камбуди молиявӣ дар он муддати тӯлонӣ фаъолият карда натавонист.

Дар мавсими пешини мусобиқаи Лигаи якум “Ҳулбук” зинаи 7-умро ишғол кард. Имсол даста талош мекунад, ки ба Лигаи олӣ роҳ ёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.