Сафҳаи Солеҳ дар Твиттер баста шуд. Ӯ Амрикоро муқассири суқути низом дар Афғонистон гуфта буд

Date:

Амаруллоҳ Солеҳ, муовини раисҷмҳури фирории Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири Майк Помпео, собиқ вазири хориҷаи Амрико гуфтааст, ки Ғанӣ мехост “сулҳи воқеӣ” биёяд, аммо “тасмими пинҳонии Амрико таҳвилдиҳии Афғонистон ба Покистон буд”.

Муовини пешини раисҷумҳури фирорӣ дар шабакаи Твиттер бо “маккор” хондани Майк Помпео Амрикоро муқассири аслии суқути Афғонистон донистааст.

“Амрико бо тасмими пинҳонӣ барои таҳвилдҳии Афғонистон ба Покистон, мехост барои ҷанги бузургтар дар Украина омода шавад”, – навиштааст Амруҳҳол Солеҳ.

Ӯ афзудааст, ки дар ҳошияи нишасти амниятии Мюнхен “ман ба ин маккор эҳтимолотро тавзеҳ додам ва ёздаҳ далел овардам, ки кишвари моро ба покистониҳо ва террористҳо медиҳед ва ин сулҳ намеовард”.

Ӯ бо интиқод аз амалкарди Амрико дар баробари Афғонистон навишт, ки “ин кишвар инсониятро ба хотири манофеъи стратегӣ зери по кард ва ҳоло осонтарин гурез ҳамин қиссаҳои беасос аст”.

Ин гуфтаҳои Амруллоҳ Солеҳ дар ҳолест, ки ба иттилои aamajnews24, собиқ вазири хориҷаи Амрико ба тозагӣ гуфтааст, ки Ашраф Ғанӣ интихоботро дуздида буд, вале худро раисҷумҳури интихобшуда мехонд. Ӯ афзудааст, ки ҳаргиз аз Ашраф Ғанӣ нахоста буд аз қудрат канор биравад. Аммо ба гуфтаи ӯ бо Ғанӣ ба “танг” омада буд.

Чаро Твиттери Амруллоҳ Солеҳ масдуд шуд?

Пас аз нашри ин гуфтаҳо Твиттери Амруллоҳ Солеҳ масдуд шуд. Масдуд шудани Твиттери муовини раисҷумҳури фирории Афғонистон дар ҳолест, ки тақрибан ҳамаи афроди ҳукумати сарпарасти Толибон* дар ин шабака бемамоният фаъолият мекунанд ва ҳатто нишонии кабуд низ доранд.

Бо гузашти як рӯз ва интиқодҳои шадиди ҷонибдорони Амруллоҳ Солеҳ Твиттер дубора саҳфаи ӯро боз кард.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...