Ҷудокорони тоҷик бе Темур Раҳимову Эмомалӣ Нуралӣ ба «Grand Prix Portugal» мераванд

Дастикам 7 ҷудокори тоҷик дар оғози "фаслҳои ҷудои ҷаҳонӣ" дар мусобиқоти Ҷоизаи бузурги ҷудои Партугалия – «Grand Prix Portugal», ки рӯзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмадаи ин кишвар баргузор мегардад, ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, Темур Раҳимов ва Эмомалӣ Нуралӣ, ду ҷудокори ҳирфаӣ ва узви тими миллии […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дастикам 7 ҷудокори тоҷик дар оғози "фаслҳои ҷудои ҷаҳонӣ" дар мусобиқоти Ҷоизаи бузурги ҷудои Партугалия – «Grand Prix Portugal», ки рӯзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмадаи ин кишвар баргузор мегардад, ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, Темур Раҳимов ва Эмомалӣ Нуралӣ, ду ҷудокори ҳирфаӣ ва узви тими миллии ҷудои кишвар, ки дар корномаашон натиҷаҳои назаррас доранд, бо сабаби мушкил дар дарёфти раводид наметавонанд дар мусобиқаи мазкур иштирок кунанд.

Як манбаъ аз Федератсияи ҷудои кишвар гуфт, бо сабабҳои номаълум дарёфти визаи Шенген барои онҳо рад шудааст.

Ӯ гуфт, ҳарчанд Федератсия кӯшиш кард, вале натиҷае надод.

Ба дастаи миллии ҷудои кишвар 7 ҷудокор: Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) шомиланд.

Тамура Тори, мураббии соҳибтахассуси ҷопонӣ дастаро ҳидоят хоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, ки тими миллии ҷудои кишвар аз 9-ум то 16-уми январ дар тамрингоҳи омӯзишу парвариши ҷудоварзон дар шаҳри Миттерсилли Австрия бо роҳбарии Муҳаммадмурод Абдураҳмонов омодагӣ диданд.

Ҳамзамон, бо оғози фасли нави ҷудои ҷаҳонӣ ва ширкат дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷудокорон барои касби саҳмияи Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис – 2024 талош хоҳанд кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.