Оташзании Қуръон дар Шветсия ва эътирози давлатҳои мусалмоннишин

Оташзании нусхаи китоби барои мусалмонон муқаддаси Қуръон дар назди сафорати Туркия дар Шветсия хашми давлатҳои мусалмониро овард ва боиси қатъи сафари вазири мудофиаи ин кишвари скандинавӣ ба Анқара шуд. Расмус Палудан, роҳбари ҳизби ифротии “Сахтгир” рӯзи шанбе, 21-уми январ, дар назди сафорати Туркия дар Стокголм, зимни баргузории як ҳамоиши эътирозӣ алайҳи сиёсати муҳоҷират, нусхаи китоби […]

Asia-Plus

Оташзании нусхаи китоби барои мусалмонон муқаддаси Қуръон дар назди сафорати Туркия дар Шветсия хашми давлатҳои мусалмониро овард ва боиси қатъи сафари вазири мудофиаи ин кишвари скандинавӣ ба Анқара шуд.

Расмус Палудан, роҳбари ҳизби ифротии “Сахтгир” рӯзи шанбе, 21-уми январ, дар назди сафорати Туркия дар Стокголм, зимни баргузории як ҳамоиши эътирозӣ алайҳи сиёсати муҳоҷират, нусхаи китоби Қуръонро оташ зад.

Ҳамзамон, ӯ алайҳи сиёсати НАТО, Туркия ва раисиҷумҳури он Раҷаб Тайиб Эрдуғон суханронӣ намуд ва пайғамбари Исломро мавриди тавҳин қарор дод.

Ин амали ифротгароёна ва тавтеаталабонаи сиёсатмадори даниятабори Шветсия боиси хашми мусалмонони тамоми ҷаҳон гашт.

Вазорати корҳои хориҷии Туркия рӯзи 21-уми январ аввал сафари вазири мудофиаи Шветсия ба Анқараро лағв карда, гуфт, ки “ин сафар маънои худро гум кард” ва баъдан зимни як изҳорот таъкид намуд, ки “мо ҳамлаи разилона ба китоби муқаддаси худро қотеона маҳкум мекунем. Зери пардаи озодии баён, иҷоза додан ба ин амали зиддиисломӣ, ки ҳадафаш мусулмонон ва тавҳин ба арзишҳои муқаддаси мо мебошад, ғайриқобили қабул аст”.

Инчунин, дар шаҳри Истанбул садҳо нафар ба назди консулгарии Шветсия дар Туркия омада, парчами ин кишварро оташ заданд.

Вазорати корҳои хориҷии Туркия сафири Шветсияро даъват ва ба ӯ эътирози худро расонид.

Ҳамчунин, вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ низ бо маҳкум намудани ин амал, дар як изҳорот гуфт, ки “хоҳони густариши арзишҳое ба мисли муколама, мудоро, ҳамзистӣ ва мухолифи нафрату ифротгароӣ аст”.

Давлати Кувайт ҳушдор дод, ки чунин амалҳо “метавонад боиси хашми мусулмонони саросари ҷаҳон шавад ва ба як иғвои хатарнок табдил ёбад”.

Амороти Муттаҳидаи Араб ба “эҳтиром ба рамзҳои динӣ ва рад кардани таҳқири динҳо ва муқаддасоти онҳо" жаъват намуд.

Давлати Марокаш ҳам ин рафтори иғвогарона ва ифротгароёна дар Шветсияро маҳкум намуд ва дар як изҳорот гуфт: “Шоҳигарии Марокаш аз иҷозаи мақомоти Шветсия ба ин амали ғайриқобили қабул, ки дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шветсия содир шудааст, дар ҳайрат монда, аз онҳо хоҳиш мекунад, ки ба таҳвини Қуръони Карим ва рамзҳои муқаддаси динии мусулмонон хотима бахшад”.

Вазорати хориҷии Марокаш таъкид кардааст, ки “ин амали зиште, ки эҳсоси беш аз як миллиард мусалмонро таҳқир мекунад, қодир аст боиси хашму ғазаб ва бадбинӣ миёни мазҳабҳо ва мардумон бошад”.

Толибон низ оташзании нусхаи Қуръон дар Шветсияро маҳкум карданд ва аз мақомоти Шветсия талаб намуданд, ки омилони ин амалро муҷозот намуда, минбаъд барои роҳ надодан ба ин гуна ҳодисаҳо чораандешӣ намоянд.

Рамзан Қодиров, роҳбари Чеченистони Русия низ аз ин рафтри сиёсатмадори Шветсия сахт интиқод кард ва гуфт “ҳар кас он чизеро, ки коштааст, дарав мекунад ва ҳамаи афроде, ки дар ин амали пас даст доранд ба лаънати абадӣ гирифтор шудаанд. Инро рӯзе мефаҳманд, аммо дер мешавад”.

Ҳамин тавр ин амали Расмус Палудан аз ҷониби ҷомеаи мусалмонони ҷаҳон сахт интиқод шуд. Худи Палудан ҳоло дар ин робита чизе рӯшан нагуфтааст ва дақиқи маълум нест, ки ҳадафи оташзании Қуръон аз ҷониби ӯ чӣ буд.

Тобиас Билстром, вазири умури хориҷии Шветсия гуфт, барангехтани иғво бо ҳадафи исломситезӣ ошуфтакунанда аст. Ӯ дар Твиттер навишт: “Шветсия аз озодии баёни густурдае бархурдор аст, вале ин бад он маъно нест, ки ҳукумати Шветсия ва ё ман тарафдори назари баёншуда бошем.”

Гуфтан ба маврид аст, ки Расмус Палудан, раҳбари ҳизби рости ифротии “Сахтгир” шаҳрвандии Данияву Шветсияро дошта, дар гузашта низ ин кори худро анҷом додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.