Дар Хуросон аз дуди ангишт се кас ҳалок шуд

Шумори ҳалокшудагон аз дуди ангишт дар ноҳияи Хуросон ба се нафар расид. Зане, ки дар бемористон бистарӣ шуда буд, низ ҳалок шуд. Ёдрас мекунем, ки ҳамаи фавтидагон аъзои як оила аз деҳаи Гулрез мебошанд. Ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 18 январ дар оилаи Шамсулло Маҳмадов рух дод. Бар асари дар оташдони хона сӯзонидани ангишт барои гармӣ сарвари […]

Шумори ҳалокшудагон аз дуди ангишт дар ноҳияи Хуросон ба се нафар расид. Зане, ки дар бемористон бистарӣ шуда буд, низ ҳалок шуд.

Ёдрас мекунем, ки ҳамаи фавтидагон аъзои як оила аз деҳаи Гулрез мебошанд. Ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 18 январ дар оилаи Шамсулло Маҳмадов рух дод.

Бар асари дар оташдони хона сӯзонидани ангишт барои гармӣ сарвари хонадон Шамсулло ва писари 5-солаи ӯ ҳалок шуданд. Ҳамсар ва як фарзанди дигари ин хонавода дар бемористон бистарӣ шуда, вазъияташон вазнин арзёбӣ мешуд.

Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ҳамсари Шамсулло Маҳмадов низ дар бемористон ҳалок шудааст.

Ба иттилои манбаъҳои Радио, табибон дар талоши онанд, ки ҳаёти кӯдаки дуюмро наҷот диҳанд. Вазъи ӯ ҳоло ҳам вазнин аст.

Ҳамасола бо фарорасии мавсими сармо сокинони деҳоти Тоҷикистон хонаҳои худро бо ангишт гарм мекунанд. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифода аз ин сӯзишворӣ бисёр вақт бо фоҷеа меанҷомад.

Дар ҳолати заҳролуд шудан аз дуди ангишт дар аввал сарчашмаи дудбароиро хомӯш кардан лозим аст. Сипас тирезаҳоро кушода, мошини ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.