Ҳаҷ – 2023. Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард

Арабистони Саудӣ барои сафари Ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2023-юм 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи  дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар дод. Ба иттилои манбаъ, созишнома ҳафтаи гузашта замоне ба имзо расид, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати Сулаймон Давлатзода, раиси ин кумита дар Арабистони […]

Арабистони Саудӣ барои сафари Ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2023-юм 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Дар ин бора ба Азия-Плюс Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи  дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, созишнома ҳафтаи гузашта замоне ба имзо расид, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати Сулаймон Давлатзода, раиси ин кумита дар Арабистони Саудӣ қарор дошт.

Сухангӯи Кумитаи дин гуфт, харҷи сафари Ҳаҷ баъди дарёфти феҳристи зиёраткунандагон аз шаҳру навоҳии кишвар маълум хоҳад шуд.

Гуфта шуд, ки имсол Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳоро оид ба маросими Ҳаҷ бекор карда, мутаносибан шумори квотаҳо барои зойирини кишварҳои гуногун боз ба сатҳи то пандемия бозгардонида шуд.

Дар пасманзари пандемия, мақомоти Арабистони Сайдӣ дар солҳои 2020 ва 2021 танҳо теъдоди маҳдуди зоирин ва дар соли 2022 1 миллион нафарро иҷозат доданд то ба зиёрати Ҳаҷ раванд. Дар ҳамин ҳол, дар соли 2022 танҳо афроди аз 18 то 65 сола, бо эмгузаронии пурра аз коронавирус, бидуни бемории музмин метавонанд ба Ҳаҷ сафар кунанд.

"Дар сурати авҷи дубораи бемории коронавирус, эҳтимоли ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо мавҷуд аст", – гуфт Афшини Муқим.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 3,5 ҳазор квота ҷудо карда буд. Нархи сафари Ҳаҷ барои ҳар як зоирин соли гузашта беш аз 60 ҳазор сомониро ташкил медод.

Тибқи маълумоти тахминӣ, мавсими ҳаҷҷи имсола 19-уми июн оғоз мешавад. Рӯзи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазон ва давраи ҳаҷро Шӯрои уламои Тоҷикистон эълон хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.