“Келину хушдоман созиш кардаанд”. Кумитаи занон навори “истинтоқи хушдоман”-ро шарҳ дод

Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навори “истинтоқи хушдоман” дар Исфараро шарҳ дода, гуфт, ки он як соли пеш сабт шуда, ҳоло келину хушдоман “ба созиш расидаанд”. Навори “истинтоқи келин аз ҷониби хушдоман”, ки Кумитаи кор бо занон ва оила онро санҷида шарҳ додааст, чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ […]

Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навори “истинтоқи хушдоман” дар Исфараро шарҳ дода, гуфт, ки он як соли пеш сабт шуда, ҳоло келину хушдоман “ба созиш расидаанд”.

Навори “истинтоқи келин аз ҷониби хушдоман”, ки Кумитаи кор бо занон ва оила онро санҷида шарҳ додааст, чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад ва дар он келине аз ҷониби хушдоманаш барои бе иҷозат хӯрдани пораи нон, мавриди сарзаниш қарор мегирад.

Аксари истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳи ин навор аз мақомоти интизомии кишвар талаб кардаанд, ки хушдоманро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Дар пайи ин Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар дод, ки нисбати хушдоман тибқи моддаи 93, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Риоя накардани талаботи қонунгузории ҶТ дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, ки аз 128 то 320 сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ мекунад) парванда боз кардааст.

Пас аз ин ҳама мавҷи интиқод дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва оғози парванда алайҳи хушдоман, Кумитаи кор бо занон ва оила ахиран ба суроғи ин келину хушдоман рафтааст.

Нигорахон Ғаффорзода, муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 23-уми январ, ба “Азия-плюс” гуфт, “навори истинтоқи келин аз ҷониби хушдоман дар Исфара, ки тайи чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, як сол пеш сабтшудааст”.

Кумита ному насаби хушдоман ва келинро дақиқ карда, дар ихтиёри мо гузошт, аммо бо сабаби ахлоқӣ мо аз овардани он худдорӣ мекунем.

Нигорахон Ғаффорзода гуфтааст, ки якҷо бо кормандони ҳукумати шаҳри Исфара ба хонадони ин келину хушдоман рафта, аз шароити зиндагии онҳо дидан кардааст ва маълум намудааст, ки айни ҳол келину хушдоман созишкорона зиндагӣ доранд.

“Дар ҷойи ҳодиса бо келину хушдоман ва аҳли оила сӯҳбат намуда, сабаби чунин  муносибати хушдоманро пурсон шудем, бо шароити зиндагии онҳо шинос шудем. Бо ҳар як аъзои оила, хусусан, бо хушдоману шавҳар ва келини хонавода суҳбати инфиродӣ гузаронидем. Маълум гардид, ки навор ҳанӯз як сол пеш бардошта шуда, айни ҳол келину хушдоман ба созиш омадаанд ва келин 8 моҳ пеш соҳиби фарзанд низ шудааст”, – афзуд Нигорахон Ғаффорзода.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар сомонаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он саҳнаи истинтоқи келин аз ҷониби хушдоман сабт гардида буд. Дар навор дида мешуд, ки хушдомане келинашро барои беиҷозат хӯрдани як пора нон истинтоқ мекунад ва маҷбур месозад, ки суханонашро такрор намояд.

Ин навор бари дигар баҳси муносибати келину хушдоманро доғ кард. Иддае даъво доранд, ки аксари хушдоманҳо бо келинҳои худ муносибати ношоистаро раво мебинанд ва онҳоро чун хизматгор истифода мебаранд. Гуруҳи дигар ба он андешаанд, ки муносибати келину хушдоман ин масъалаи оилавӣ буда, набояд ба баҳси оммавӣ кашида шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.